Дар хатсайри Душанбе-Кӯлоб парвози аввалини ҳавопаймо анҷом дода шуд
ДУШАНБЕ, 16.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 январ дар хатсайри Душанбе–Кӯлоб парвози ҳавопаймоҳо оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Ҳавопаймо аз Душанбе бо 17 мусофир соати 10:20 парвоз карда, соати 10:50 дар шаҳри Кӯлоб фуруд омад. Аз шаҳри Кӯлоб ҳавопаймо соати 13:30 парвоз карда, соати 14:00 дар шаҳри Душанбе фуруд омад.
Парвоз байни Душанбе ва Кӯлоб ҳафтае се маротиба- рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» имсол дар хатсайрҳои Душанбе–Кӯлоб ва Душанбе–Панҷакент парвозҳоро фаъол намудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






