Дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ беш аз 200 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад

Январь 29, 2025 09:11

ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ тибқи нақша беш аз 200 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ шинонида мешаванд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, хоҷагии ёрирасон бо мақсади парвариши ниҳолҳои гуногуне, ки ба иқлими минтақа мутобиқ мебошанд, ташкил  шуда, масоҳати умумияш 5 гектарро ташкил медиҳад. Тибқи нақша, дар ин минтақа беш аз 200 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ шинонида шуда, ин иқдом ба беҳтар намудани муҳити зист ва баланд бардоштани сифати ҳаво дар минтақа мусоидат мекунад.

27 январ зимни иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар маъракаи ниҳолшинонии хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия таъкид гардид, ки сабзазоркунӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати экологӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Шинонидани ниҳолҳо на танҳо барои беҳбуди муҳити зист, балки беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ низ нақши муҳим дорад. Ба масъулин тавсия дода шуд, ки ба парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳои шинонида диққати махсус диҳанд.

Дар ниҳолшинонӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва намояндагони ҷомеаи маҳаллӣ иштирок намуданд. Ҳадафи асосии ин маърака на танҳо ниҳолшинонӣ, балки тарғиби фарҳанги ҳифзи муҳити зист ва ҷалби бештари мардум ба сабзкорӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Январь 29, 2025 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд