Дар Москва иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо директори Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» Максим Шилов мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Москва хабар медиҳад, зимни мулоқот тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни ду давлат, аз ҷумла иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» (18-20 марти соли 2025) ва масоили дигари мавриди эҳтимоми тарафҳо баррасӣ гардид.
Бояд таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ба рушду равнақ ва муаррифии имконияти сайёҳӣ аҳамияти махсус медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ шумориданд.
Иштироки ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар ин намоишгоҳро метавон иқдоми зарурӣ ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






