ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода 900 бех дарахти тут шинонида шуд

Январь 30, 2025 10:21

ТУРСУНЗОДА, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти  Навободи шаҳри Турсунзода  беш аз 1100 бех дарахтони ороишӣ, сояафкан, ҳамешасабз ва 900 бех дарахти тут шинонида шуданд.   Сокинони ҷамоат бо азму иродаи қавӣ барои ободонии маҳал  дар ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, имрӯзҳо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ниҳолшинониро вусъат медиҳанд. Аз ҷумла,  дар  Ҷамоати деҳоти Регар дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода 500 бех  ва дар Ҷамоати деҳоти Работ  2000 бех дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд.

Ниҳолшинонӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода идома дорад. Сокинони шаҳр кӯшиш менамоянд, ки бо ин амали хайр- дарахтшинонӣ дар сабзу хуррамгардонии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Январь 30, 2025 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Хуҷанд ниҳолҳои ҳамешасабзи сарви аризонӣ шинонида шуданд
24 март — Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ. То соли 2040 дар Тоҷикистон беш аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон дар 5 гектар ниҳоли тут шинонида шуд
Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ноҳияи Шаҳринав беш аз 80 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун пешниҳод намуд
Дар Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
Кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳашари ниҳолшинонӣ доир намуданд
Дар вилояти Суғд майдони боғоти мевадиҳанда васеъ мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар вилояти Суғд 750 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ 300 бех ниҳоли санавбар ва сӯзанбарг шинониданд
ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ГУЛИ САДБАРГ. Парвариши ин гул хароҷоти зиёд талаб накарда, аз аввали баҳор то барфрезиҳо шукуфон боқӣ мемонад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Хуҷанд беш аз 200 бех дарахти магнолия шинонида шуд
«ТОҶИКИСТОНИ САБЗ». Дар Душанбе 500 бех ниҳоли сӯзанбарг шинонида шуд