ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 25 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида мешавад
ДУШАНБЕ, 14.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 5 гектар ниҳоли дарахтони тут шинонида мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» аз хориҷи мамлакат ниҳолҳои босифати тут ворид карда шуда, дар 5 гектар 25 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида мешавад.
Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар шаҳру ноҳияҳо бунёди тутзор идома дорад. Ба иттиллои масъулин, дар оянда низ бо ин мақсад ниҳолҳои босифат ворид карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки шохаҳои дарахтони тут дар мавсими парвариши пилла чун ғизои кирми пилла истифода мегарданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






