Ҳикматулло Назиров: «Ҳосили фаровони дарахтон аз яхобмонӣ вобаста аст»
ДУШАНБЕ, 16.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳи январи имсола ҳаво рӯзона гарм ва шабона сард мебошад. Боғпарварон бояд дар зери дарахтон обмонии захиравӣ, яъне яхобмонӣ гузаронанд. Ин амал намии дарахтонро дар фасли баҳор таъмин намуда, ба дер гул кардани дарахтон ва фаровон гардидани мева мусоидат мекунад. Чунин изҳор намуд доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба мухбири АМИТ «Ховар».
Инчунин дар натиҷаи яхобмонӣ шӯрии хок кам шуда, замин хубтар нам мекашад, микроорганизм ва ҳашароти зараррасон нобуд мегарданду замин истироҳат мекунад. Яхобмонӣ дар оянда — дар фасли гармо метавонад ба нашъунамои растаниҳо таъсири хуб расонад.
Ҳикматулло Назиров илова кард, ки агар хоҷагидорон обмонии захиравӣ ва яхобмониро сари вақт гузаронанд, дарахтон дар зимистон боз карахттар шуда, дертар ба нашъунамо оғоз менамоянд. Заминҳои лалмиро бояд шудгор ва атрофи дарахтонро нарм намоем. Вақте ки барфу борон меборад, заминҳои лалмиро ҳатман барфпӯш ва онро зер намудан зарур аст.
Манфиати яхобмонӣ дар он ифода меёбад, ки давраи гулкунии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом ва зардолу ба қафо партофта шуда, имконият медиҳад, ки дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Вақте ки давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор гузашт, сипас дар оғози гулкунӣ метавон ҳосили хубу босифат ба даст овард.
Ҳикматулло Назиров афзуд, ки корҳои дигаре, ки иҷрои онҳо дар фасли зимистон бисёр муҳим аст, ин башаклдарории дарахтони боғҳои навбунёд, буридани навдаҳои дарахтони ҳосилдиҳанда, шудгори байни дарахтон, ба танзим даровардани ҳосилнокии онҳо ва додани нуриҳои органикию маъданӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки меъёри яхобмонӣ аз таркиби хок ва чуқурии обҳои зеризаминӣ вобаста буда, он шуруъ аз охири моҳи ноябр то моҳи феврал гузаронида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъоварии ҳосили қулфинайи гармхонагӣ оғоз гардид
Дар ниҳолхонаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш беш аз 33 ҳазор бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар ин самт ҳифз ва афзоиш додани ҷангалзор зарур аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лимӯи Тоҷикистон аз витамини C бой буда, онро бояд дар ҷойи торику салқин нигоҳ дошт
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон ба мавсими нави ниҳолшинонӣ омодагӣ доранд
Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






