ҚИМАТТАРИН ГАНҶИНАИ САРЗАМИНИ ПУРГАНҶ
ДУШАНБЕ, 05.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2024 тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» аз тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат нисбат ба Ватан ва расму оинҳои мардумӣ, тарғиб ва муаррифии дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, шиносо намудани сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ бо табиати зебоманзари мамлакат ва эҳёи ҳунарҳои мардумию армуғонҳои миллӣ иборат буд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса, роман, достон ва ғ.) дар васфи Ватан» ҷойи дуюм ба мақолаи муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Абдулло таҳти унвони «Қиматтарин ганҷинаи сарзамини пурганҷ» дода шуд, ки дар зер манзури хонандагон гардонида мешавад.
— Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» — ҳадафи муҳим: тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат ба Ватанро дар пай дошта, иқдоми муҳиму саривақтӣ маҳсуб мешавад. Ин ибтикорро месазад ҳамовозӣ ба иқдоми неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофу таҳкими тарбияи худшиносию ватандӯстии сокинони ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд. Ин иқдом ҳар нафареро, ки тасмими иштирок дар ин фестивал-озмун дорад, водор месозад дар интихоби мавзуъ ва қаҳрамон бениҳоят ҷиддӣ бошад. Эҷодкоре, ки худро вассофи Ватан медонад, бояд, пеш аз ҳама, моҳияти Ватану ватандӯстиро дарк намояд, махсусияти онҳоро шарҳу тавзеҳ диҳад, онҳоро мунтазам талқин ва ҳатто таҳмил намояд. Ба таъбири Камол Насрулло, «Гуфтам Ватан, чу гул ба лабонам сухан шукуфт».
Муҳиму муфид аст, агар дар ин раванд ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия гардида, дар он ватандӯстӣ — муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати мардум содиқона хизмат кардан тасниф шудааст, истинод гардад.
Дар ин робита бамаврид медонам аз таъкиди Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале беҳтарин ва қиматтарин ганҷинаи он фарзандони бонангу номусаш мебошанд», ёдовар шавем. Ин суханон рамзу ҳикмати зиёд дошта, омили таҳрикбахши иштирок дар фестивал-озмуни мавриди назар гардид.
Далели бебаҳс аст, ки комёб будани тоҷику тоҷикистониён дар ҳама самтҳо ба заҳмату роҳнамоӣ, нияти нек, иродаи қавии сиёсӣ ва кӯшишҳои ватанхоҳонаи яке аз чунин фарзандони бонангу номус муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад. Агар дар дигар давлатҳо ашхоси мунтахаб мустақиман ба давлатдорӣ машғул шаванд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои зиёд, давлат сохтанду мо ҳоло давлатдорем. Аз ин лиҳоз, ашхосе агар даъвои вассофи Ватан буданро доранд, бояд васфи ин Абармарди дунёи сиёсат барояшон авлавият ва меҳвару ҷавҳар бошад.
Эътироф бояд кард, ки дар ин самт корҳои зиёд амалӣ шудаанд, вале бо вуҷуди таълифоти зиёд шаҳомати корҳое, ки бо ақлу заковати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ ба субут расидаанд ва амсолашонро таърихи миллат ёд надорад, ба таври шоиста инъикосу бозгӯӣ нашудаанд. Аз ҷониби дигар, тасвири ҳамаҷонибаи корнамоии шахсиятҳои таърихӣ кори як шахс ва ҳатто як даврони таърихӣ нест. Нобиғаҳо дар як замон зиндагӣ мекунанд, вале идеяҳояшон ояндаро комил месозанд.
Дар ин замина ба тамоми қишрҳои ҷомеа, хосса насли наврас бояд фаҳмонем, ки Пешвои миллӣ ба таври сунъӣ сохта намешавад, балки он маҳсули як марҳилаи таърих, самараи ҷонбозию аз худ гузаштанҳои шахсият ва натиҷаи эътирофи воқеии мардум аст. Ҳатман ёдрас бояд намуд, ки таърихи давлатдориҳои ҷаҳони муосир кам намунаҳое медонад, ки шахсиятҳои миллӣ ба хотири наҷоти мамлакат ҷони хешро ба гарав гузошта бошанд.
Шарҳ додан зарур аст, ки миллате, ки таърих ва бузургони гузаштаи худро қадр мекунад, саодатманд аст, вале бузургтару саодатмандтар, ба қавли хирадмандон, миллате аст, ки ба қадри қаҳрамонони барҳаёти худ мерасад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аз ин кор демократияи давлатҳое, ки ин амали нек дар онҳо роиҷ аст, зарар надида, чунин равиш ба амалҳое, чун авторитаризму шахспарастӣ рабт надорад.
Ҷанги шаҳрвандӣ намешуд, агар…
Хуб дар хотир дорем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ умури давлатдорӣ чунон гиреҳхӯрда буд, ки идораи он аз ҷониби нухбагони давр имконнопазир арзёбӣ шуд. Дар он замони пурҳаводис ва бениҳоят ҳассос ҷустуҷӯ ва дарёфти ҳалли мушкилоти ҷумҳурӣ, ба ҳам овардани миллат дар доираи ақли одамӣ намеғунҷид. Тундравию худхоҳӣ, мансабталошӣ, ҷангу хунрезӣ, бо зӯри силоҳ ғасб кардани ҳокимият ва сарфи назар намудани қонуну тартибот пайомадҳои ногувор ба бор овард.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд. Муваффақияти бузургтарини Иҷлосияи XVI Шурои Олиро дар он мебинам, ки дар он шахсе Роҳбари мамлакат интихоб гардиданд, ки тавонистанд рисолати давлатдориро бар дӯш гирифта, мардуми парокандаро муттаҳид кунанд, гурезаҳоро ба Ватан баргардонанд ва аркони фалаҷшударо аз нав бунёд намоянд.
Дар ин марҳила, ки аксар нухбагони ҷумҳурӣ ва ташкилоту созмонҳои мазҳакаофар оташи ҷанги шаҳрвандиро аланга медоданд, Сарвари ҷавони давлат эълон карданд, ки «халқи Тоҷикистон худ роҳи фардои идораи давлатро муқаррар мекунад». Ин иқдом яке аз ҳазорон дурандешиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, ки ҳаққи худмуайянкунии халқро эҳтиром гузошта, аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҷонибдорӣ намуданд. Муҳимтар аз ҳама, ин Абармард ҳамчун Роҳбари мардумсолор иродаи шахсиро ба иродаи мардум пайвастанд.
Ҳодисаҳои охири ҷаҳони муосир бори дигар собит намуданд, ки баргардонидани беш аз 1 миллион гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини онҳо бо ҷои зист кори осон нест. Бемуболиға метавон гуфт, ки иқдоми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ беназир буда, моҳиятан қаҳрамонии бемислу монанд аст.
Пас аз Президенти Тоҷикистон интихоб шудан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни давлатсозӣ ба бунёдгузори давлати миллӣ табдил ёфтанд. Замона, вазъият, муборизаҳо дар кураи низоми идоракунии президентӣ ин шахсиятро обутоб доданд. Ба касе пӯшида нест, ки Пешвои миллат давра ба давра заминаҳои маънавӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва сиёсии бунёди давлати мустақили тоҷиконро тарҳрезӣ карданд.
Дар мисоли ҳаводиси солҳои 90-уми асри гузашта шоҳид гардидем, ки дар он солҳо ҷомеаи мо илова бар мушкилоти дигар ба буҳрони амиқи набудани лидери умумимиллӣ низ мувоҷеҳ буд. Ҳар як гурӯҳи аҳолӣ аз пайи лидерони ҳизбӣ, гурӯҳӣ, динӣ ва маҳаллии худ рафта, дар айни замон ин «пешвоён» ҳамдигарро эътироф намекарданд. Чунин тафриқаандозӣ боис гардид, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга занад.
Бо дарки масъулият мегӯям, ки агар дар он давра чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти дар сатҳи умумимиллӣ эътирофшуда мебуд, ки бо тамоми ҷасорат ва иродаи қавӣ зимоми идораи мамлакатро ба дӯш мегирифт ва ҳамчун кафили ҳифзи давлатдорӣ, суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ тамоми неруҳои сиёсиро дар атрофи худ ҷамъ меовард, ҷанги шаҳрвандӣ намешуд.
Қудрати фавқулода ва истеъдоди нодир
Ин омилҳо низ хоси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Барои миллати азиятдида, ранҷхӯрда ва борҳо аз давлатдорӣ маҳрумгардидаи тоҷик дар шароити ҷаҳони ноороми муосир Пешвои миллӣ аҳамияти бештари таърихӣ, замонавӣ ва ояндабиниро касб намуд. Таърих гувоҳ аст, ки чунин шахсиятҳо хеле кам рӯйи саҳнаи сиёсат меоянд ва дар соҳаҳои муҳими ҳаёти мардум — иқтисоду иҷтимоъ, илму фарҳанг, руҳия ва ахлоқу маънавияти миллатҳову давлатҳо дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоранд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати поягузор ва наҷотбахши давлату миллат ҳаводиси қарибулвуқуъ ва мушкилоти мавҷударо беш ва пеш аз дигарон дарк намуда, бо назардошти махсусияту мушкилоти ҷомеа ҳадафҳои дигари стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакатро муайян намуданд. Муҳим он аст, ки ин ҳадафҳо бо ҳамдигар пайвасти ногусастанӣ дошта, моҳиятан ва мантиқан силсила мебошанд. Рисолати инфиродӣ ва таърихии Роҳбари мамлакат дар сарнавишти тоҷику тоҷикистониён аз он иборат аст, ки бо донишу таҷрибаи бузурги худ мактаби давлатдории миллиро поягузорӣ намуда, шароити ҳифз, рушд ва интиқоли арзишҳо ва анъанаҳои давлатдории миллиро фароҳам оварданд. Аз ин лиҳоз метавон хулоса намуд, ки зуҳур ва ташаккули Пешвои миллӣ ё лидери сиёсии миллат дастоварди қобили мулоҳизаи бунёдии давлат ва миллати мо мебошад.
Корнамоие, ки ҳатто мухолифон эътироф карданд
Бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати мо муяссар гардид, ки як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, асли гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарҳуқуқии занону мардон, асли озодии виҷдону эътиқодро асоси устувори қонунӣ бахшад.
Комилан бо андешае ҳамфикрам, ки ҷаҳониён дар симои Президенти мамлакат тоҷику Тоҷикистонро мешиносанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифи воқеии давлат, фарҳангу тамаддуни миллат ва намунаи беҳтарин сиёсатмадор мебошанд.
Коршиносон низ эътироф кардаанд, ки мардуми Тоҷикистон ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба роҳбари давлат, балки ба наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмуъ, ҳамчун меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ эҳтироми хоса доранд.
Ин арҷгузорӣ подоши ҷонфидоиҳои Пешвои миллат аст, ки ба қавли худ ҷавонмардона вафо карданд. Ҷони худро дар хатар гузошта, ба минтақаҳои ноороми дохилу хориҷи мамлакат барои гуфтушунид бо собиқ мухолифини тоҷик сафар карданд, ҷумҳуриро обод ва дилҳоро шод карданд. Махсус бояд ёдовар шавем, ки миёни корнамоиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳи пойдор дар Тоҷикистон манзалати хосса дошта, ҳатто мухолифони сиёсиашон онро эътироф кардаанд.
Ливое, ки бо шарофати он доимо зафарёбем
Вобаста ба давлатсозию давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои кадрҳо, номзади илмҳои сиёсӣ Асадулло Раҳмон чунин таъкид кардааст: «Роҳи тайкардаи ин Абармарди ҷабҳаи сиёсат фарохтар аз марзу буми Тоҷикистон азиз рафта, бо хираду фитрати азалӣ миллату давлати тозаистиқлолро дар арсаи ҷаҳони мутамаддин соҳиби ҷойгоҳи муносибу арзанда намуд. Давлатро аз нестӣ, миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, ваҳдати сартосариро таъмин сохт. Дар татбиқи ормонҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегӣ чун кӯҳ устувор аст ва хушбахтона, душманони миллати мо ба ниятҳои зишти худ нарасиданд ва намерасанд. Миллати тоҷик, сокинони Тоҷикистони азиз номи ин Абармарди таърих, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ливои майдони муборизаву бархӯрд истифода менамоянд ва доимо зафарёбанд».
Анҷомбахши мақола интихоб шудани ин суханони пурҳикмат рамзу ҳикмат дошта, зарур аст, ки ҳар яки мо бо истифодаи касбият, меҳвар қарор додани ҷасорат ва ба маъраз гузоштани садоқат дар ин раванд саҳмгузор бошем. Тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хитоб намудаанд: Тоҷикистон ба пеш!
АКС: Дидор Саъдуллоев