Исломиддин Раҳмон: «Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва риояи меъёрҳои Конститутсия рушд меёбад»

Ноябрь 4, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 яке аз рӯйдодҳои муҳим ва сарнавиштсоз дар таърихи навини кишвари соҳибистиқлоламон ба шумор меравад. Ин санади олии ҳуқуқӣ ҳамчун пояи устувори давлатдорӣ, кафолати озодиву истиқлол ва ваҳдати миллӣ хизмат менамояд. Бо чунин матлаб оғоз гардидааст мақолаи Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Исломиддин Раҳмон, ки бахшида ба 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст. Дар зер матни пурраи мақола оварда мешавад.

-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки Конститутсия ифодаи равшани орзую ормонҳои халқи тоҷик, рамзи ваҳдат, сулҳ ва суботи давлат мебошад. Маҳз дар партави меъёрҳои ин санади олӣ, Тоҷикистон тавонист пас аз давраи пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ, роҳи сулҳ, ваҳдат ва пешрафтро интихоб намуда, дар муҳити оромиву субот ба сӯйи рушди устувор қадамҳои устувор гузорад.

Конститутсия ҷавҳари арзишҳои миллию умумибашарӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва ҳифз менамояд, сохтори сиёсӣ ва идоракунии давлатро муайян карда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро танзим менамояд. Бо қабули он марҳалаи тозаи давлатсозии навини тоҷикон оғоз гардид.

Маҳз дар асоси Конститутсия, ки бо иродаи озоди мардум қабул шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф ёфт.

Дар давоми 31 соли сипаришуда, меъёрҳои ин санади муқаддас ба пояи қонунгузорӣ, сиёсат ва зиндагии ҳаррӯзаи ҷомеа табдил ёфта, бо ҳидояти хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, ба арзишҳои аслии башарӣ ва ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави мамлакати худ асос гузошт.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа татбиқ гардида, заминаи устувори рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро фароҳам овардаанд. Барномаҳои бузурги давлатӣ — аз эҳёи деҳот то рушди саноату энергетика, аз таъмини амнияти озуқаворӣ то рушди илм ва рақамикунонии иқтисод — маҳз дар доираи сиёсати конститутсионӣ амалӣ мегарданд.

Ҳамзамон, Конститутсия ҳамчун санади асосӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон, дар давраҳои муайян бо тағйиру иловаҳои зарурӣ такмил дода шуд, то ки ҷавобгӯи воқеияти рушди босуръати кишвар бошад. Ин раванд далели возеҳи эҳтиром ва масъулияти баланди давлат ва ҷомеа нисбат ба сарнавишти Ватан ва ояндаи наслҳои нав мебошад.

Имрӯз, вақте ки мо ба сӯйи марҳалаи нави рушди давлатдорӣ қадам мегузорем, муҳим аст, ки мавқеъ ва аҳамияти Конститутсияро дар тамоми самтҳои фаъолияти худ эҳсос намоем. Эҳтиром ва риояи қонун, масъулиятшиносӣ дар назди давлат ва ҷомеа, хизмат ба Ватан ва мардум — ин ҳама аз фарҳанги конститутсионии ҳар як шаҳрванди кишвар сарчашма мегирад.

Аз ин рӯ, ҳоло аз ҳар яки мо тақозо мешавад, ки ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣ карда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои пешрафти давлати мустақили тоҷикон, таҳкими минбаъдаи мавқеъ ва эътибори Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ, равона созем.

Шукрона мекунем, ки имрӯз Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва риояи меъёрҳои Конститутсия рӯз ба рӯз зебову шукуфон мегардад ва мардум дар фазои сулҳу субот кору зиндагӣ доранд. Набояд фаромӯш сохт, ки яке аз талаботи муҳими Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳои амалкунанда мебошад. Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф ҳар як нафар дар ҷомеа бояд саъю талош намояд, бо рафтору гуфтору пиндори некаш намунаи ибрати дигарон бошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 4, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН — ЗАМИНА БАРОИ ИМКОНОТИ НАВ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд
ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба тарзи тайёр намудани зардолуи хушк барои фасли зимистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба пӯпаки ҷуворимакка ва фоидаи он
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН. Дар соҳаи кишоварзӣ ҳаво ва иқлим нақши аввалиндараҷа доранд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
Малакаҳои рақамӣ заминаи рушди иқтисоди рақобатпазири Тоҷикистон мебошанд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Эл-Нинё ва Ла-Ниня – ду ҳодисаи табиие, ки ба иқлими ҷаҳон таъсир мерасонанд
Ташаббуси Тоҷикистон дар СММ: масъулияти байнинаслӣ ҳамчун парадигмаи нави ҳуқуқи сулҳ. Андешаҳо дар ин маврид
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба манфиат ва хусусияти табобатии хӯрокҳои миллӣ