ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли дилаи каду кори узви ҳозимаро хуб намуда, хусусияти талхаронӣ дорад

Ноябрь 2, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 02.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бештари сокинони мамлакат барои зимистон каду захира намуда, дар фасли зимистон аз он ҳар гуна хӯрокҳои лазиз омода менамоянд. Каду хусусияти хуби пешобронӣ дорад. Истифодаи каду дар хӯрок имкон медиҳад, ки он намакҳое, ки дар гурда ҷамъ ва сабаби пайдоиши сангҳо мешаванд, ба воситаи зиёд шудани пешоб аз организм хориҷ шаванд.

Доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонов тавсия медиҳад, ки агар дар як рӯз 100 грамм кадуро бо ғизо истеъмол намоем, пас бунияи мо аз 29 то 30 килокалория неру ҳосил менамояд. Инчунин шираи каду метавонанд сулфаро рафъ ва равғани он дарди қафаси синаро беҳбудӣ бахшад.

Ғизошиносон кадуро ғизои латиф мегӯянд. Он ташнагиро мешиканад, сулфаро рафъ месозад, агар дилаашро бо равған истифода баранд, барои бемориҳои синдроми метоболикӣ, яъне ниқрис (подогра) манфиати хуб дорад.

Дар тибби Озарбойҷон шираи кадуро барои муолиҷаи заъфҳои кӯҳна ва дар тибби Тибет барои бемориҳои ҷигар, гурда, дил, илтиҳоби пардаи луобии меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта ба таври васеъ истифода мебаранд.

Таҳқиқоти илмӣ муайян намудааст, ки дилаи каду кори узви ҳозимаро хуб намуда, хусусияти талхаронӣ дорад ва мубодилаи моддаҳоро дар худи буния ба танзим медарорад.

Шираи кадуи хом барои оромии асабҳо ва ба танзим даровардани кори асабҳо низ ниҳоят фоидабахш аст. Равғани каду барои сулфа ва дарди қафаси сина муфид аст. Абуалӣ ибни Сино кадуро барои табобати варамҳое, ки аз таъсири гармӣ ба вуҷуд меоянд, муфид донистааст. Тухмдона ва ҷӯшобаашро ҳамчун табшикан низ тавсия додаст.

Дар таркиби кадуи истеъмолӣ 90,32 фоиз об, 9,68 фисад моддаҳои хушк, 1,1 фоиз сафеда, 6,5 фоиз карбогидридҳо, каротин, равған, витаминҳои В1, В2, В6, В9, РР, С, макроэлементҳои К, Са, Mg, Р, микроэлементҳо, олтингӯгирд, хлор, оҳан, йод ва дигар моддаҳо мавҷуд мебошанд. Инчунин дар тухми он 48-50 фоиз равған, 28 фоиз сафеда ва ба миқдори муайян макро – микроэлементҳо вуҷуд доранд, ки истеъмоли онҳо барои организми инсон ниҳоят зарур мебошад.

Яке аз хусусияти хуби дигари каду он аст, ки аз он дар шароити хона ҳар гуна хӯрокҳо, чун ширкаду, кадушӯрбо, кадуи таги алов, гӯшту кадубирён, самбусаи кадугӣ, мантуи кадугӣ омода намудан мумкин аст.

Дар тибби мардумӣ мағзи донаи кадуро барои рафъи гиҷҷаҳо, яъне кирмҳои рӯда ба таври васеъ истифода мебаранд. Онро барои бемориҳои масона ва ҳангоми сустшавии кори ғадуди простата низ истифода менамоянд.

Одами камхоб ё пиронсол ҳар шаб 2-3 қошуқӣ аз шираи кадуи хом пеш аз хоб истеъмол намояд, метавонад бароҳат хоб равад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 2, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад