ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. «Тоҷикниҳолпарвар» беш аз 2 миллион бех ниҳол барои фурӯш омода намудааст

Январь 12, 2025 14:24

ДУШАНБЕ, 12.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикниҳолпарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 405 ҳазору 810 бех  ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва  ҳамешасабз барои фурӯш омода гардидаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» саркишоварзи корхона Мирзо Ворисов иброз намуд, ин ниҳолҳо аз пайванди тирамоҳии соли 2024 омода гардидаанд. Аз ин ниҳолҳои омодагардида 1 миллиону 645 ҳазору 981 бех дарахтони мевадиҳанда, 155 ҳазору 136  бех ниҳоли ток, 62 ҳазор 651 бех дарахти тут (барои рушди кирмакпарварӣ), 462 ҳазору 896 бех ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз, 32 ҳазор бех гули садбарг, 11 ҳазору 370  бех дарахтони нодир ва дигар навъҳо мебошанд.

Ҳадаф аз зиёд намудани майдони боғу ток таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, корхонаҳои коркард бо ашёи хом, рушди содиротии мамлакат, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молҳои воридотӣ, таъсис додани ҷойи нави кор, татбиқи иқтисоди «сабз», сабзазоркунӣ, ҳалли мушкилоти экологӣ, пешгирии гармшавии иқлим, таназзули заминҳои кишоварзӣ ва кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера мебошад.

Имрӯзҳо боғпарварони мамлакат усулҳои нави боғдории ҳозиразамонро истифода намуда, боғҳои суперинтенсивӣ ва интенсивӣ бунёд мекунанд. Инчунин ниҳолҳои сертификатсияшудаи навъҳои дарахтони мевадиҳандаи минтақабобу серҳосил ва ба тағйирёбии иқлим устувор, аз лиҳози иқтисодӣ самаранокро вобаста ба талаботи бозори содиротӣ бештар менамоянд. Зеро  иқлими мусоиди минтақаҳои ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки майдонҳои боғу токзори ҳосилнокиашон баланд аз ҳисоби ниҳолҳои сертификатсияшудаи навъҳои серҳосил бунёд ва барқарор карда шаванд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 12, 2025 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Хуҷанд ниҳолшинонӣ вусъат меёбад
Дар вилояти Суғд бо истифодаи таҷрибаи пешқадам боғҳои интенсивӣ бунёд карда мешаванд
«КАМАРБАНДИ САБЗ». Дар шафати роҳҳои мошингарди Тоҷикистон беш аз 15 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ 840 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуданд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе беш 300 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд
ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон беш аз 401 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро дар шаҳри Норак ҳамасола ниҳолҳои шинонидашуда хушк мегарданд?
ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар Гулистон 9 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида мешавад
Дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зиёда аз 250 бех ниҳоли ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд
Дар доираи «Барномаи кабудизоркунии табиати Тоҷикистон то соли 2040» беш аз ду миллиард бех ниҳол шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода 900 бех дарахти тут шинонида шуд
Дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ беш аз 200 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад

Маводҳои таҳлилӣ