МАЪРИФАТИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Чӣ гуна бояд аз он истифода барем?

Январь 6, 2025 12:02

ДУШАНБЕ, 06.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ бо афзоиш ёфтани шумораи аҳолӣ ва бунёди садҳо биноҳои маъмурию истиқоматӣ талабот ба неруи барқ низ зиёд мешавад. Кормандони соҳаи энергетика шабу рӯз ва дар гармою сармо машғули меҳнат ҳастанд, тамоми неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ беист барқ истеҳсол менамоянд, то хонаву кошонаи сокинон гарму равшан бошад. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки аксар вақт мо, сокинон заҳматҳои онҳоро нодида гирифта, сарфакорона истифода бурдани неруи барқро фаромӯш мекунем. Боре тасаввур кардаем, ки ин неруи бесадову бебӯю беранг ва ба ҳама дастрас бо чӣ душвориҳо тавлид меёбаду то замони ба хонаву корхонаи мо интиқол ёфтанаш кадом масофа ва чӣ монеаҳоро пушти сар менамояд? Шарҳи АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ манзур мегардад.

Коршиносон бар ин назар ҳастанд, ки сарфакорона истифода бурдани неруи барқ маънои маҳдуд кардани истифодаи онро надорад. Ба хотири сарфа набояд чойро ноҷӯшида нӯшид, ғизои нопухта хӯрд ва ё дар торикӣ нишаст, танҳо одам бояд неруи барқро ба қадри зарурат ва сарфакорона истифода намояд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол нафароне ҳастанд, ки нисбат ба истифодаи неруи барқ бепарвоӣ зоҳир менамоянд.

Имрӯз аз воситаҳои электрикии фаровон истифода мебарем, аммо дар лаҳзаҳои нодаркор будан хомӯш кардани онҳоро фаромӯш мекунем. Фаромӯш набояд кард, ки асбоби электрикӣ дар реҷаи интизорӣ ҳам энергия истеъмол мекунад. Фурӯзонак ва дастгоҳҳои техникиро сари вақт пурра хомӯш кунед, таҷҳизоти барқӣ, ҳатто қувватдиҳандаи телефонҳои мобилиро дар ҳолати «интизорӣ» фаъол нагузоред.

Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, «сокинон бояд истифодаи сарфакоронаи неруи барқро, хусусан дар давраи тирамоҳу зимистон хуб дарк намоянд. Агар ҳар шаҳрванд неруи барқро сарфакорона истифода барад, дар обанборҳо ҳаҷми зарурии об захира гардида, шаҳрвандон фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар менамоянд».

Ба таъкиди Пешвои миллат, истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Бояд ҳар оила, ташкилоту муассиса ва корхонаву коргоҳ, сарфи назар аз шакли моликият низоми истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намояд.

Ҳарчанд масъулин ва ниҳодҳои дахлдор дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд ва барои ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии неруи барқ ва пардохти қарз аз неруи барқ дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои дахлдор тадбирҳои зарурӣ меандешанд, вале мушкилӣ дар ин самт то ҳол боқӣ мондааст.

Масалан, дар баъзе корхонаю муассиса ва ширкатҳо хомӯш накардани баъзе ноқилҳои барқӣ сабаби талафоти техникии барқ мегарданд, ки ин ба вазъи молиявии корхонаҳо таъсири манфӣ мерасонад. Самаранок истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи истифодаи неруи барқ нисбат ба дигар давлатҳо арзон аст. Дар Тоҷикистон арзиши миёнаи неруи барқ ​​дар нимаи якуми соли 2024 19,5% боло рафта, ба 36,2 дирам барои як киловатт-соат расидааст.

Тибқи таҳлили коршиносон, фурӯзонаки каммасрафи 20-ватта дар муддати стандартии хизмат, яъне 8 ҳазор соат ба сарфа кардани 640 квт/соат неруи барқ имкон медиҳад. Бо ифодаи пулӣ, истифодаи танҳо як фурӯзонаки каммасрафи 20-ватта барои оила на камтар аз 48 сомонӣ ва барои истеъмолкунандагони саноатӣ 169 сомонӣ фоида меорад.

Қоидаҳои сарфаи барқро ҳатман бояд донист: ҳамеша аз фурӯзонакҳои каммасрафи тавоноияшон ба ҳуҷра мувофиқ истифода баред, шишаи тирезаҳоро барои воридшавии равшанӣ доимо тоза нигоҳ доред ва дар ҳуҷраҳо пардаҳои ранги равшан овезон кунед.

Ҳангоми хӯрокпазӣ аз дегу зарфҳои тагаш хурдтар аз плита истифода накунед, сарпӯши зарфҳоро хангоми пухтупаз беҳуда кушода нагузоред, танҳо аз плитаи дуруст истифода карда, сатҳи гармкунандаи онро мунтазам тоза кунед, барои ҷӯшонидани об на плита, балки чойҷӯшонакро истифода баред.

Яхдонро дар ҷойи хунуктари ошхона, дуртар аз плита ва оташдон устувор созед, яхи онро мунтазам об кунед, дар даруни он зарфҳоро бо хӯрокҳои гарм ҳаргиз нагузоред ва дару даричаҳои онро ҳарчи камтар боз кунед.

Ҳангоми истифода аз мошини ҷомашӯйӣ онро тибқи тавоноии техникияш аз либос пур кунед.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи энергетика ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид. Ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», Маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», инчунин неругоҳи «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мурғоб ва даҳҳо неругоҳҳои барқи обии хурд аз ҷумлаи ин дастовардҳо мебошад. Ҳоло дар мамлакат барои ба даст овардани истиқлолияти комили энергетикӣ сохтмони чандин неругоҳи барқи обӣ ва офтобӣ идома дорад.

Хушбахтона, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 иттилоъ дода шуд, ки шуруъ аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар мамлакат пурра бартараф гардида, Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил мегардад.

Бояд гуфт, ки бунёди иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар самти расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон нақши бузург мегузорад. Саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ин иншооти бузург назир надорад.

Дар робита ба ин барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ сокинони мамлакатро мебояд ба сарфакорӣ рӯ оварда, маърифати сарфакорона истифода бурдани неруи барқро баланд бардоранд. Зеро бо нодида гирифтани ин омил мо, пеш аз ҳама, ба буҷаи оилаи худ ва дар умум ба буҷаи мамлакатамон зарар мерасонем. Пас биёед сарфакориро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 6, 2025 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ СИСТЕМАҲОИ ЗЕҲНӢ. Нақлиёти ҷамъиятӣ «ҳушманд» мешавад
Дар Тоҷикистон назорати ҳаракати мошинҳои гаронвазн пурзӯр мегардад
Соли 2025 дар маҷмааи роҳи оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низоми «Express International» фаъол гардонида мешавад
ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли равғани зард дар зимистон эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳои сироятиро коҳиш медиҳад
Соли 2025 дар низоми ҳамлу нақли байналмилалӣ баъзе дигаргуниҳо ба амал меоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Интихобот ифодаи рушди демократия мебошад
ҚИМАТТАРИН ГАНҶИНАИ САРЗАМИНИ ПУРГАНҶ
Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар рушди тафаккури техникии насли наврас мақоми хосса дорад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳар давлати миллӣ ба сифати арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимоя қарор медиҳад
«Сомон Эйр» модули фармоиши чиптаҳоро ба кор андохт
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои рушди иқтисоди миллӣ мебошад