МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сиёҳдона организмро аз пиршавӣ ва бемориҳои онкологӣ эмиин нигоҳ медорад

Январь 19, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 19.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сиёҳдона (Nigella sativa) ё кориандри румӣ растании яксола буда, онро барои тухмаш парвариш мекунанд ва дар тиб, косметология ва ошпазӣ ба таври васеъ истифода мешавад. Сиёҳдона дорои хусусияти зиддиилтиҳобӣ буда, масунияти баданро баланд мебардорад. Ҳамчунин равғани сиёҳдонаро барои пешгирӣ ва табобати гипертония, рагҳои варикозӣ, тромбоз, бемориҳои ишемиявӣ ва атеросклероз истифода мебаранд.

Равғани сиёҳдона равандҳои мубодилаи моддаҳоро дар сатҳи ҳуҷайра ба эътидол оварда, гузариши мембранаҳои ҳуҷайра ва фаъолияти ферментҳоро муътадил нигоҳ медорад. Ин растанӣ бофтаҳои ҷигар ва гурдаҳоро аз заҳролудшавӣ муофизат мекунад.

Ба иттилои мутахассисон, сиёҳдона метавонад ба ҷараёни саратон таъсир расонад. Мавҷудияти моддаи махсуси фаъоли биологии тимохинон, ки таъсири антиоксидантӣ ва иммуномодуляторӣ (болобарии масунияти организм)-ро дорад, барои пешгирии бемориҳои онкологӣ манфиатовар аст.

Сиёҳдона таъсири зиддидиабетикӣ дорад.  Моддаҳои фаъоли ин растанӣ метавонанд ҳассосияти бофтаҳои перифериро ба инсулин зиёд кунанд, инчунин истеҳсоли инсулинро аз ҷониби бета- ҳуҷайраҳо дар ғадуди зери меъда бештар намоянд. Гуфта мешавад, ки хӯрдани хӯрок бо равғани сиёҳдона сатҳи қанди хунро дар диабети навъи 2 коҳиш медиҳад.

Таркиби сиёҳдона дорои антиоксидантҳо, аз ҷумла тимохинон аст, ки ҳуҷайраҳои организмро аз зарари радикалҳои озод муҳофизат мекунад. Ин раванд барои нигоҳ доштани саломатии дил зарур аст, зеро фишори оксидитивӣ аксар вақт боиси рушди бемориҳои дилу рагҳо мегардад. Сиёҳдона аз калий бой аст, ки он барои кори муътадили дил кумак мерасонад. Мавҷудияти калий дар таркиби сиёҳдона ба паст кардани фишори хун мусоидат менамояд ва  он метавонад хатари инкишофи гипертонияро коҳиш диҳад.

Ба тавсияи ғизошиносон, истеъмоли сиёҳдона ба чашм таъсири мусбат мерасонад, зеро дар таркибаш витамини А ва бета-каротин мавҷуд аст, ки барои солимии чашм ва биниши он муфид аст. Бета-каротини мавҷуда фаъолияти узви босираро хуб карда, аз ҳар гуна бемории чашм, аз ҷумла катаракта пешгирӣ менамояд.

Ба туфайли фаровонии витаминҳои Е ва А дар равғани сиёҳдона он дорои хосияти зиддибактериалӣ ва зиддиилтиҳобӣ мебошад, ки барои рафъи ҳар гуна бемории пӯст муфид аст. Инчунин сиёҳдона пӯстро аз хушкшавӣ эмин нигоҳ дошта, суръати беҳтаршавии ҷойи захми пӯстро метезонад. Хусусияти антиоксидантии сиёҳдона пӯстро аз радикалҳои озод муҳофизат карда, раванди пиршавиро суст менамояд.

Мутахассисон ба он нафароне, ки то ба ҳол сиёҳдонаро истеъмол накардаанд, тавсия медиҳанд, ки қабл аз истифода бо духтур машварат намоянд. Зеро дар баъзе нафарон баъди истеъмоли ин навъи растанӣ метавонад ҳассосият ба вуҷуд ояд.

Бояд иброз дошт, ки дар илми тиб аксар вақт на худи тухмии сиёҳдона, балки равғани аз он гирифтаро истифода мебаранд. Дар таркиби равғани сиёҳдона витаминҳо, минералҳо ва кислотаҳои равғанӣ ба миқдори зиёд мавҷуд ҳастанд.

Ҳоло ки фасли зимистон аст ва эҳтимоли гирифторӣ ба зуком зиёд мегардад, истифодаи сиёҳдона барои кушодани роҳи нафас ҳангоми ин беморӣ муфид аст. Барои ин метавонед аз ду қошуқчаи тухми сиёҳдона ва як пиёла оби ҷӯшонида нӯшобаи табиӣ тайёр кунед. Бигзор омехта ду соат дам дода шавад, баъд 1/4-и онро ним соат пеш аз хӯрок нӯшед. Хусусияти зиддибактериалӣ ва зиддиилтиҳобии сиёҳдона организмро устувор нигоҳ медорад

Равғани сиёҳдона ба нафарони гирифтори панкреатит чун воситаи ёрирасон дар табобати ин беморӣ кумак мерасонад. Таъсири нарми он ба ғадуди зери меъда илтиҳобро рафъ месозад, ки ба туфайли он ҳолати тамоми организм беҳбудӣ меёбад. Равғани сиёҳдона метавонад иштиҳоро беҳтар кунад, инчунин бо хусусияти пешобронӣ доштан ғадуди зери меъда ва меъдаро тоза мекунад.

         Набояд фаромӯш кард, ки тухми зираи сиёҳдонаро на бештар аз як сол ба мисли чой нигоҳ доштан мумкин аст.

Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 19, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст