Намояндаи Тоҷикистон брифинги ғайрирасмии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳидро раисӣ намуд

Январь 18, 2025 15:54

ДУШАНБЕ, 18.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 январ брифинги ғайрирасмии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташаббуси самаранокии фаъолияти қароргоҳи Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, ки онро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат раисӣ намуд.

Дар кори он роҳбарияти аршади Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар бораи талошҳо оид ба татбиқи ташаббуси мазкур гузоришҳо манзур намуда, пас аз он муколамаи  интерактивӣ бо давлатҳои аъзои Шурои иҷроия анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, ки Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ин брифингро ҳамчун муовини президенти Шурои иҷроияи Баронмаи рушди СММ, Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) ва Дафтари СММ оид ба хизматрасонии лоиҳаҳо раисӣ намуд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Январь 18, 2025 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд