Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ такондиҳандаи рушди фарҳанги миллӣ мебошад

Январь 2, 2025 16:37

ДУШАНБЕ, 02.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамое мебошад, ки мардуми моро ба фатҳи қуллаҳои мурод, расидан ба ояндаи дурахшон ва ҳаёти шоиста ҳидоят мекунад.

Ҳар нуктаи он дар заминаи омӯзиши дақиқи вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат, завқи бадеӣ ва зебоиписандии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар шароити ҷаҳонишавии фарҳанг, инчунин авзои доимтағйирёбандаи ҷаҳони муосир тарҳрезӣ ва пешниҳод гардидааст. Чунин ибрози назар намуд мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Гадобек Маҳмудов.

Ба гуфтаи номбурда, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои мамлакат дар соли 2024 ҳамаҷониба таҳлил шуда, таваҷҷуҳи иштирокдорон ва тамоми аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ба масъалаҳои умдаи сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт – саноат, энергетика, сохтмони роҳҳои нав, таъмини ваҳдату якдигарфаҳмӣ, амнияти ҷомеа, таҳкими мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, андешидани тадбирҳои муассири иловагӣ оид ба ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва илму маориф ҷалб гардидааст.

Бо таъкиди муҳиммияти соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг барои имрӯзу фардои мамлакат Пешвои миллат хотирнишон намуданд, ки «дар робита ба ин бори дигар таъкид мекунам, ки фарҳанг ҳастии миллат аст. Агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас соли 2024-ум ин нишондиҳанда 1 миллиарду 716 миллион сомониро ташкил дод. Давоми 33 соли истиқлоли давлатӣ дар мамлакат 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат мекунанд».

Мавриди таъкиди хос аст, ки фарҳанг ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок эълон гардида, ба таъмини рушди устувори он аз рӯзҳои аввали истиқлоли давлатӣ пайваста таваҷҷуҳ ва ғамхории хосса зоҳир мегардад.

«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи моҳияти сиёсию иҷтимоии фарҳанг дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ як силсила қонуну қарорҳои муҳим қабул намуд, ки бо шарофати онҳо дар мамлакат барои эҳё, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ фазои мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам омада, бобати бунёди инфрасохтори замонавии он маблағгузории мақсадноки давлатӣ тадриҷан афзоиш ёфт», -иброз намуд Гадобек Маҳмудов.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба ҳамин нуктаи муҳим ҷалб намуда, иброз доштанд, ки «ман ин корҳоро барои он гуфта истодаам, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ибрат гиранд ва андеша кунанд. Муассисаҳои соҳаи фарҳанг бояд дар маркази диққати онҳо қарор дошта бошанд. Зеро фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад. Бо вуҷуди корҳои амалигардида ҳоло дар мамлакат 75 муассисаи садамавӣ ва 368 муассисаи таъмирталаби соҳаи фарҳанг вуҷуд дорад, ки ин масъала ҳалли фавриро тақозо менамояд».

Ба андешаи декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Зафари Шариф, агар муҳтавои асосии андешаҳоеро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди фарҳанги миллӣ иброз намуданд, таҳлилу натиҷагирӣ намоем, онҳоро метавон ба сифати барномаи стратегии рушди соҳаи номбурда на танҳо барои соли оянда, балки барои ояндаи дур арзёбӣ намоем.

«Бо шарофати фазои мусоиди соҳибистиқлолӣ имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мустақилонаи фарҳанги миллии худро бо дастовардҳои назаррас зина ба зина татбиқ менамояд, ки дар ин самт саҳми Пешвои миллат воқеан беандоза бузург аст»- гуфт Зафари Шариф.

Дар ҳамин радиф Пешвои миллат изҳор намуданд, ки «мо дар соҳаи фарҳанг истеъдодҳои зиёде дорем, ки гулчин ва тарбия кардани онҳо вазифаи мову шумо аст. Дар шаш сол дар Озмуни ҷумҳуриявии  «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд. Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор шаҳрвандони мамлакат, хусусан наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби Шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд».

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 баргузор ва бомуваффақият ҷамъбаст гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» бори дигар собит намуд, ки дар баробари тадбирҳои гуногун андешидани чораҳои ҳавасмандӣ ба раванди мутолиаи китоб дар ҷомеа мусоидат намуда, боиси эҳё ва рушди фарҳанги китобхонӣ мегардад ва таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба масъалаҳои муҳимми соҳаи китобдорӣ ҷалб менамояд.

Сарвари давлат бо назардошти аҳаммияти ин озмун дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум пешниҳод намуданд, ки «ҳар сол озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва бобати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад. Яъне вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд ҳар сол озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро аз рўйи се самт: якум — миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм — таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм — дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд».

«Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шуд. Ин иқдоми оқилонаи фарҳангӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва авҷ гирифтани фаъолияти равияву гурӯҳҳои ифротию тундрав барои ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхона ва китобхонӣ тадбири муҳиму саривақтӣ ба шумор меравад. Зеро ҷавонони соҳибхираду босавод ва дорои маърифати баланди сиёсӣ ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои муғризона нахоҳанд шуд», -гуфт декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон.

Аз ин рӯ татбиқи амалии дастуру хидоятҳои Пешвои миллат, дар руҳияи баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, ватандӯстию хештаншиносӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҳар фарди ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасон вазифаи муҳимтарини ҳама сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 2, 2025 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон вобаста ба нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши вилоятӣ баргузор гардид
ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МАОРИФПАРВАР. Вобаста ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир шуд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳар давлати миллӣ ба сифати арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимоя қарор медиҳад
ЗИЁДШАВИИ МАОШИ ОМӮЗГОРОН АЗ ОНҲО ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТИ ДУЧАНДРО ТАҚОЗО ДОРАД. Бардошт аз ҷаласаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои рушди иқтисоди миллӣ мебошад
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
«МАҚОМИ ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Масъалаи касбомӯзии аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шаклгирии фарҳанги миллӣ ва заминаҳои он баррасӣ гардид
Бинои нави Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Пешрафту пирӯзии ҳар давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. Бо кадом роҳҳо метавон ба он ноил гардид?