Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – нишондиҳандаи иқтидори давлати муосири тоҷикон ва роҳнамои ояндаи пурсаодат
ДУШАНБЕ, 11.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаҳони имрӯза бо тамоюлҳои пуршиддати касратнамоӣ, плюрализм, худпарастию истеъмолгароӣ фарқ менамояд, бинобар ин танҳо амнияти миллӣ пояи суботу шукуфоии давлатҳо арзёбӣ мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама минбарҳо доимо барои мубориза бо терроризму ифротгароӣ сухан гуфта, ба густариши ҳамкории давлатҳо, қавмҳо ва фарҳангҳо даъват менамоянд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2024 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ин навбат низ ба даъват ҷиҳати ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, ҳимояи амният ва манфиатҳои миллию давлатӣ, устувор гардонидани ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, инчунин таъмин намудани рушди иқтисоди мамлакат ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ чун вазифаи аввалиндараҷаи ҳама рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳар шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар бахшида шуд. Чунин ибрози назар намудааст раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дар мақолааш дар робита ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат- Маҷлиси Олӣ баргузор гардид, ки чун анъана ба дастовардҳои соли гузашта ва вазифаҳои навбатии соли минбаъда барои амалишавии ҳадафҳои барномавии мамлакат дар ояндаи наздик бахшида шуд.
Тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ ва ватанпарастӣ кори басе муҳимму пурмашаққате мебошад, ки ба он ҳам давлат ва ҳам ҷомеа ниёзманданд. Баъди ба даст овардани истиқлолият миллати тоҷик бо роҳбарии Президенти ватанпарвар ва дурандеши худ тамоми талошҳоро ба хотири нигоҳ доштани якпорчагии давлат ва ваҳдати миллат ба харҷ дод. Тоҷикистони ҷавон дар ин майдони пуртуғёни таърих имтиҳони басе сахт супорид. Хушбахтона, имрӯз халқи тоҷик тамоми он барномаҳоеро, ки Президенти Тоҷикистон пешниҳод карда буданду пешниҳод менамоянд, бо ҷидду ҷаҳди ватанпарастона амалӣ месозад. Нишонаи суботи имрӯзаи Тоҷикистон Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ дар бинои нав мебошад.
Барои мо, вакилони давъвати шашум боиси ифтихор аст, ки дар давраи фаъолияти мо бори аввал Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар бинои нав пешниҳод гардид. Ин бинои муҳташам нишондиҳандаи қадамҳои устувори Тоҷикистон ба ояндаи пурсаодат ва сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат мебошад. Имрӯз пиру барнои мамлакат барои тамошои ин бино меоянд ва он минбаъд ҷойи тамошобоби сайёҳону меҳмонон мегардад. Бинои нави Парлумон дастоварди бузурги таърихи навини Тоҷикистон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таҳкими неруҳои қудратиро муҳим арзёбӣ ва таъкид намуданд, ки сармоягузории назаррас ба заминаи моддию техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин тадбирҳо оид ба баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо имкон медиҳад, ки ба таҳдидҳои муосир, аз ҷумла хатарҳои фаромарзӣ ва кибертаҳдидҳо самаранок муқобилат карда шавад. Аҳамияти ин соҳа ба суботи сиёсӣ ва ризоияти иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ зич алоқаманд аст. Зеро барои ҳар давлати соҳибистиқлол тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа, махсусан ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ зарурати бебаҳс дар замони пурталотуми имрӯза маҳсуб мешавад.
Сохтмони иншооти бузург, биноҳои баландошёна, роҳҳои васеъ ва мумфарш, мактабҳо ва муассисаҳои фароғатӣ аз он дарак медиҳанд, ки имконияти халқ беҳтар шудааст ва рушди босуботи ҷомеа имкон медиҳад ҳар фарди ҷомеа барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии худ ғайрат намояд. Ҷорӣ намудани дастовардҳои илму технологияи замонавӣ низ яке аз масъалаҳои муҳимми ҳалли проблемаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Бахусус таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф хеле бештар шуда, ин соҳаҳо ба соҳаҳои афзалиятнок табдил меёбанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ нуктаҳои муҳимми таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии давлатамонро таъкид намуда, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакатро пешниҳод мекунанд. Агар паёмҳои ҳамасоларо аз назар гузаронем,мебинем, ки он нуктаҳое, ки Сарвари давлат баён менамоянд, ҳамаашон тадриҷан амалӣ мегарданд. Ин хоси Президенти Тоҷикистон мебошад, ки соҳиби суханони худ мебошанд. Тасдиқи ин суханҳо — таҳкими ҳарчи бештари истиқлолият, якпорчагии давлат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтани иншооти калони стратегӣ, тадриҷан фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ва монанди инҳо, ки ҳама шоҳиди марҳила ба марҳила амалӣ шудани чунин барномаҳо мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки « мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд». Ин нишони он аст, ки мо дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд зиндагӣ ва фаъолият менамоем. Бовар кунед, он демократияе, ки мо дорем, дар бисёр кишварҳои пешқадам нест. Ҳуқуқбунёд будан- ин ҳимояи ҳама арзишҳои демократӣ мебошад, набояд озодии як шахс аз озодии шахси дигар боло бошад ва манфиати ягон кас аз манфиати давлату миллат боло буда наметавонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлилу баррасии соҳаҳои гуногун таъкид карданд, ки тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум он 3,6 фоизро ташкил дод. Хотирнишон карда шуд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуда, сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил намуд.
Яъне, дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми мамлакат мусоидат менамоянд.
Зеро новобаста аз шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, буҳрони иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки тамоми минтақаҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, давлати мо тавонист нақшаҳои гуногуни худро дар соҳаҳои мухталиф дар сатҳи устувори инкишоф нигоҳ дорад.
Зиёдшавии маоши омӯзгорон аз онҳо ва аз волидайн эҳсоси масъулияти дучандро тақозо дорад. Зеро зиёдшавии музди меҳнат аз самаранокии фаъолияти ҳар аъзои ҷомеа вобаста мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар бораи маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет таъкид намуда, гуфтанд, ки ин барои минбаъд идома додани раванди тадриҷан баланд намудани маошу нафақа унсури асосӣ мебошад.
Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки дар панҷсолаи минбаъда барои пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани тадбирҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Барои амалӣ шудани ин пешниҳодҳо ислоҳоти соҳаи маорифи мамлакат зарур мебошад. Зиёд намудани соати фанҳое, ки ҷаҳонбинии илмиро васеъ менамоянд, бояд ба назар гирифта шавад. Зиёд кардани соати фанҳои мантиқ, фалсафа, ҷомеашиносӣ, этика, эстетика дар мактабҳои олӣ омили ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва мафкураи солими ҷавонон мегардад. Президенти Тоҷикистон борҳо таъкид менамоянд, ки дар ҷаҳони имрӯза танҳо и хондану навиштан нишонаи босаводӣ нест. Ҳар ҷавони тоҷик бояд на камтар аз ду забонро донад ва технологияи компютериро аз худ намояд. Дар партави ин даъватҳо мо бояд насли ҷавонро босавод тарбия намоем. Саводи кофӣ бештар бо хондани китоб ба даст меояд. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем дониши худро васеъ намоем. Ҳар падару модар ва омӯзгор вазифадор аст, ки кӯдаки худро чунон тарбия намояд, ки хондани китобро дӯст дорад. Инчунин дар мактабҳои таҳсилоти миёна аллакай хонандаро ба хондани китобҳои фалсафӣ бояд ҷалб намоем, зеро агар мо хоҳем, ки ҷаҳонбинии илмиро дастгирӣ намоем, яке аз роҳҳои ташаккулёбии ҷаҳонбинии илмӣ ин фикрронии фалсафӣ ва мантиқӣ мебошад. Шахси соҳибмаърифат ҳеҷ гоҳ аз дунболи равияҳои ифротгаро намеравад. Як нуктаро бояд таъкид кард, ки дар ҳама давру замон омӯзиш ва касби дониш садоқату матонат талаб мекунад ва тай кардани роҳи илм роҳи осон нест. Дониш сабаби васеъ шудани ҷаҳонбинӣ мегардад. Танҳо фалсафаю мантиқ роҳи маърифати ақлгароиро боз мекунанд.
Хушбахтона, солҳои охир барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат ба рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва барои амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», инчунин бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилу баргузор мешаванд. Ин озмунҳо барои рушди иқтидори илмии Тоҷикистон, анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани мамлакат ва рушди илму техника заминаи мустаҳкам мегузоранд. Дар шаш сол дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд.
Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби Шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардиданд. Ин озмунҳо на танҳо барои дарёфти истеъдодҳо, балки баланд бардоштани ғурури миллӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии шаҳрвандон равона мешаванд. Ин озмунҳо барои ба хондани китоб ҷалб шудани пиру барно мусоидат менамоянд, зеро мо медонем, ки дониш аз хониши китоб аст. Инчунин ба баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳо ва аз байн бурдани мушкилоти норасоии мутахассисон мусоидат хоҳанд кард.
Аз ҳамин ҷиҳат низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ доим баланд бардоштани обрӯи илмро дар ҷомеа таъкид менамоянд. Пешвои миллат чун анъана рушди илму маорифро калиди пешрафти ҳама соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ҳисобиданд.
Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ барои идома додани чунин ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми мамлакат, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд.
Имрӯз ҳар фарзанди тоҷик имкон дорад, ки на фақат дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он дар донишгоҳҳои машҳури сатҳи ҷаҳонӣ дониш омӯзад ва соҳиби касбу ихтисос гардад. Барои дастгирии соҳаи маориф ва бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми мамлакат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар бораи саҳми соҳибкорон иброз намуда, таъкид доштанд, ки дар ҳама корҳои хайру ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад. Илова намуданд, ки ҳар соҳибкори бонангу номус барои бунёди ҷомеаи солим бояд муассисаҳои томактабӣ сохта, ба истифода диҳад. Зеро кӯдакони солим ояндаи солиму босуботи ҷомеаи мо мебошанд.
Аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ то имрӯз арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурифтихори гузаштаи халқи куҳанбунёдамон, эҳё намудани ойину анъанаҳои неки миллӣ, тарғиби осори ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии миллати азизамон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Маҳз ба ҳамин васила мо метавонем гузаштаи худро дурусту воқеъбинона дарк намуда, эҳсоси муҳаббат ба таърихи Ватани маҳбубамонро дар қалби наврасону ҷавонон ҷо намоем. Бо ҳамин мақсад дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар бораи сохта, ба истифода додани Китобхонаи миллӣ, шабакаҳои махсуси телевизионӣ, таъмиру навсозии беш аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалӣ, таъсиси Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро алоҳида изҳор намуданд. Таъкид доштанд, ки муассисаҳои соҳаи фарҳанг бояд дар маркази диққати алоҳида қарор дошта бошанд. Зеро ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ки гуфтанд: “Фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад”.
Дастур дода шуд, ки то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ камбудию мушкилоти ҷойдоштаи соҳа пурра бартараф карда шавад. Роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар ин муддат дар маркази ҳар шаҳру ноҳияи мамлакат барои истеъдодҳои наврасу ҷавон як мактаби мусиқӣ сохта, ба истифода диҳанд.
Натиҷаи сиёсати арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ аст, ки имрӯз забони шевои тоҷикӣ аз саҳнаҳои маъруфу машҳури ҷаҳон садо медиҳад. Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.
Дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод намудани маводи зарурӣ вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба ЮНЕСКО заминаи боэътимод барои исботи давлатдории қадима доштани тоҷикон мебошад.
Имрӯз Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёди демокративу рушдёбанда бо қадамҳои устувор пеш меравад, ки заминаи он сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон мебошад.
Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат доимо дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва далели ин амр Паём ба Маҷлиси Олӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ санади муҳимми стратегию таҳлилие мебошад, ки дар он иродаи халқ, ҳифзи манфиатҳои халқу давлат бо низоми муайяни таҳлилию мантиқӣ доир ба вазъ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии давлат пешниҳод гардид.