Раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид

Январь 23, 2025 08:59

ДУШАНБЕ, 23.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 январ дар шаҳри Минск ҷаласаи нахустини Шурои намояндагони ваколатдори доимии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа, ки таҳти раисии намояндаи ваколатдори доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода баргузор гардид, Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроия, сафирони кишварҳои аъзои Иттиҳод ва намояндагони аршади вазоратҳои корҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа сардори раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода авлавияти раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025-ро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин дар самти муқовимат ба хатару таҳдидҳо муаррифӣ намуд.

Зимни ҷаласа ҳамчунин атрофи масъалаҳои мундариҷавии чорабиниҳои дарпешистодаи Иттиҳод дар Тоҷикистон бо тамаркуз ба омодагӣ ба ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 10 октябри соли 2025 дар Душанбе доир мешавад, табодули афкор карда шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 23, 2025 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд