Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Январь 21, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 21.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио ва як қатор муассисаҳои зертобеи Кумитаи телевизион ва радио, агентиҳои хизмати давлатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, хадамоти иҷро, Донишгоҳи давлатии тиббӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шермуҳаммад Шоҳиён, аз вазифаи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Мирзозода Рустам Пираҳмад, аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Хайриддинзода Азизбек бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло ва аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Азиззода Шодмони Шамс бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ва дар бораи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзозода Рустам Пираҳмад ирсол гардид.

Роҳбарони якчанд вазорату кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифа озод гардида, кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба ва забондону соҳибтахассус ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат вазъи кунунӣ ва дурнамои соҳаҳои зикргардидаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намуда, ба кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ ба фаъолият шуруъ карданд, доир ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи Ватан ва мардуми Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки дар фаъолияти роҳбарӣ ба таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа, тарғибу ташвиқи фарҳанги волои миллӣ тавассути телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма, тарбияи кадрҳои ҷавону варзидаи забондону кордон, аз ҷумла дар соҳаи фарҳангу рӯзноманигорӣ, омодасозии варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ дар навъҳои миллию олимпии варзиш ва ҳамчунин, ба истифодаи босамару ҳадафманди маблағҳои буҷетӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Таъиноти кадрӣ 21.01.2025

Январь 21, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд