Соли 2025 дар Душанбе 6 муассисаи таҳсилоти миёна ва 9 муассисаи томактабӣ сохта мешавад

Январь 18, 2025 15:25

ДУШАНБЕ, 18.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар шаҳри Душанбе 7 муассисаи таълимӣ бо 13 ҳазору 620 ҷойи нишаст ва 3 муассисаи томактабӣ барои беш аз 500 тарбиятгиранда сохта, ба истифода дода шуд. Соли 2025 дар пойтахт боз 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 13 ҳазору 520 ҷойи нишаст дар ду баст ва 9 муассисаи томактабӣ барои 2280 тарбиятгиранда бунёд карда мешавад. Дар ин хусус 17 январ дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2024 Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баён намуданд.

«Масъалаҳои беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим, сатҳи дониши хонандагон ва савияи касбии омӯзгорон таҳти ғамхориву дастгирии доимии роҳбарияти шаҳр қарор дорад»,- иброз доштанд муҳтарам Рустами Эмомалӣ.

Гуфта шуд, ки дар 8 соли охир, 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 96 700 ҷойи нишаст ва 25 муассисаи томактабӣ барои 4 ҳазору 800 тарбиятгиранда бунёд карда шуд.

Ҳоло дар шаҳр сохтмони боз 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 40 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст ва 60 муассисаи томактабӣ барои беш аз 12 ҳазор тарбиятгиранда бомаром идома дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 18, 2025 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд