ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 январ, душанбе, 20-умин рӯзи соли 2025 аст
Соли 1958 дар Лондон аввалин радарҳои назоратӣ барои санҷиши суръати автомобилҳо муқаррар шуданд.
***
20 январи соли 2003 дар шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии хатсайри нави ҳавоии «Алмато-Душанбе-Алмато» баргузор гардид.
***
20 январи соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Сарвазири Федератсияи Русия Сергей Наришкин дар ноҳияи Данғара агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуд.
***
15 сол пеш, 20 январи соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи «CASA-1000»- ро тасдиқ намуд.
***
11 сол пеш, 20 январи соли 2014 дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии Абузабӣ («ADNEC») Саммити байналмилалии «Энергияи оянда -2014» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуда, зимни он вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2016 ва давраи миёнамуҳлати оянда муайян намуданд.
***
20 январи соли 2020 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи аввалин Маркази миллии ғизои мактабӣ дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
20 ЯНВАР:
Дар Озарбойҷон – Рӯзи андӯҳи умумихалқӣ.
***
Рӯзи ҷаҳонии дӯстдорони панир.