ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 январ, шанбе, 25-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар ин рӯзи соли 1908 дар Боку аввалин маротиба намоиши операи «Лайлӣ ва Маҷнун» барпо шуда буд.
***
25 январи соли 1924 дар шаҳри Шамони Фаронса маросими кушодашавии аввалин Бозиҳои олимпии зимистона баргузор гардид.
***
Соли 1949 аввалин маротиба маросими ҷоизасупории телевизиони америкоии «Эмми» гузаронида шуд.
***
25 январи соли 2001 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон ба имзо расониданд.
***
25 январи соли 2016 дар Амстердам Маркази Аврупо оид ба мубориза бо терроризм ифтитоҳ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев як гурӯҳ фаъолони марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 2 фаъоли тоҷикро «барои саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстии байналмилалӣ ва ризоият дар ҷумҳурӣ» бо ордену медалҳо сарфароз гардонид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ» ба имзо расид.
***
25 январи соли 2021 дар шаҳри Турсунзода корхонаи коркарди партовҳои полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд. Корхона дар як шабонарӯз то як тонна партовҳои полиэтилениро коркард менамояд.
***
25 январи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Чин», ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар Тоҷикистон дар заминаи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор карда мешавад. Мақсад аз озмун- боло бурдани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҳавасманд гардонидани онҳо буд.
25 ЯНВАР:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.