ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 январ, душанбе, 27-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар ин рӯзи соли 1916 Манитоба аввалин музофоти Канада шуд, ки дар он ба занҳо ҳуқуқи интихоб дода шуд.
***
27 январи соли 1935 дар бозии ниҳоии чемпионати Америкаи Ҷанубӣ оид ба футбол дастаи Уругвай дастаи Аргентинаро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуд.
***
Соли 1948 дар Америка аввалин магнитофони ширкати «Wire Recording Corporation of America» ба фурӯш бароварда шуд, ки 149,5 доллар арзиш дошт.
***
27 январи соли 1993 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон муносиботи дипломатӣ барқарор гардид.
***
27 январи соли 2004 Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллии Тоҷикистон тағйири ном намуд.
***
27 январи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба муносибати бистсолагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон табодули барқияҳои шодбошӣ намуданд.
***
Соли 2017 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
27 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.
***
27 январ соли 2021 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии аввалини Нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон», ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
***
27 январи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар оғози соли равон тавассути нашрияи бонуфузи илмии «Walter de Gruyter GmbH», Berlin/Boston китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») ба нашр расид. Китоби «Tajik Linguistics» аз ҳашт фасл иборат буда, як фасли он ба қалами забоншиноси тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон тааллуқ дорад.
27 ЯНВАР:
Рӯзи байналмилалии хотираи қурбониёни Ҳолокост.