ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МАОРИФПАРВАР. Вобаста ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаву маърифатпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши ҳайати устодону донишҷӯён дар ҳошияи ба тасвиб расидани Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2025 зери унвони «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва рушди фарҳангу маънавиёти ҷомеа» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд.
Иштирокдорони ҳамоиш изҳор доштанд, ки нақши озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар рушди фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа омили муҳим ва нақши муассир дошта, имтиёзоти муқаррагардида барои ғолибон, шуълаи умед ва талоши бештарро дар қалби насли наврас афзун гардонидааст.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид карда шуд, маориф самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад ва насли наврасро лозим аст ҳар чи бештар омӯзанд, соҳибкасб ва мутахассиси варзида гардида, дар пешрафти Ватани худ саҳмгузор бошанд.
Изҳор гардид, ки тайи чанд соли охир таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад, ки дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва дар рушди ҷаҳони маънавии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Инчунин Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҳамгироии илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ доир мешавад.
Ҳамзамон баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, рассомӣ ва дизайн, болобурди маҳорати касбӣ ва эҳсоси зебоишиносӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик мусоидат менамояд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст
Дар Кӯлоб нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Махфират Хидирзода: «Паёми Президенти Тоҷикистон инъикоскунандаи интизориҳои ҷомеа нисбат ба масоили мухталиф аст»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Сокинони ноҳияи Айнӣ нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор медиҳанд
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши сиёсӣ доир шуд






