Тоҷикистон ва Қибрис ҳамраисони ҷаласаи сатҳи баланд оид ба муқовимат ба савдои одамон таъйин шуданд

Январь 24, 2025 11:38

ДУШАНБЕ, 24.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 январ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҷонибек Ҳикмат ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Қибрис дар Созмони Милали Муттаҳид Мария Михай бо Президенти иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Филемон Янг вохӯрӣ намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, Намояндаи доимии Тоҷикистон ва Намояндаи доимии Қибрис дар Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Президенти иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси пешбаранда ва ҳамраисони машваратҳои байниҳукуматии ҷаласаи сатҳи баланд оид ба татбиқи Нақшаи ҷаҳонии амал дар бораи муқовимат ба савдои одамон таъйин шуданд.

Тоҷикистон ва Қибрис ҳамчун ҳамраисони ин раванд ваколатдор мегарданд, ки музокироту машваратҳои байниҳукуматиро бо кишварҳои аъзо дар хусуси баргузории ҷаласаи сатҳи баланд зимни иҷлосяи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва қабули эъломияи сиёсӣ оид ба ҷараёни татбиқи Нақшаи ҷаҳонии амал дар бораи муқовимат ба савдои одамон пешбарӣ намоянд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Январь 24, 2025 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид