Ҳукумати Тоҷикистон барои сармоягузорон 240 номгӯй замонати ҳуқуқӣ муқаррар намудааст
ДУШАНБЕ, 18.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар баробари имконоту зарфияти мавҷуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон 110 имтиёз ва сабукиҳои молиётию гумрукӣ, дар маҷмуъ беш аз 240 номгӯй замонати ҳуқуқӣ муқаррар намудааст. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 январ зимни суханронӣ дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон баён намуданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «мо саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳамчун ҳадафи роҳбурдӣ (стратегӣ) интихоб намудем. Кишварҳои ҳавасманд метавонанд дар бахшҳои гуногуни саноат бо Тоҷикистон ҳамкории судманд намоянд. Дар ин радиф саноати кӯҳӣ, металлургӣ, мошинсозӣ, ғизоӣ ва бофандагӣ, кимиё ва дорусозӣ, инчунин истеҳсоли масолеҳи сохтмон аз ҷумлаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда дар ин соҳаҳо ба нафъи ҳарду ҷониб хоҳад буд. Дар баробари ин, бахши кишоварзии Тоҷикистон бо назардошти иқлими мусоид ва захираҳои фаровони об яке аз самтҳои ояндадор ба шумор меравад».
Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ дар самтҳои парвариш, коркард ва содироти меваю сабзавот, пунба (пахта) ва пиллаи абрешим, соҳаҳои боғдорӣ, асалпарварӣ ва чорводорӣ аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар хоҳад буд. Дар ин замина таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ва марказҳои логистикӣ ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.
Президенти Тоҷикистон иброз намуданд, ки «мо барои ҳамкории судманд бо сармоягузорони эронӣ дар рушди бахшҳои молиявӣ ва бонкдорӣ манфиатдор ҳастем. Соҳаи гардишгарӣ низ яке аз бахшҳои муҳими ҳамкории ду давлат арзёбӣ мегардад. Мо барои рушди инфрасохтори гардишгарӣ ва истифодаи иқтидори бузурги он, бахусус гардишгарии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва солимгардонӣ ҳавасманд мебошем».
Ёдрас гардид, ки татбиқи низоми лағви раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон дар муддати 30 рӯз барои рушди ҳамкории ҷонибҳо дар ин соҳа заминаи мусоид фароҳам овардааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 200 МВт бунёд карда мешавад
Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва рушди маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ шуданд
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилояти Хатлон ба 520 намуна шаҳодатномаи сифати тухмӣ дод
Байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамоишҳо доир мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тоҷикистон бо шарикони рушд 17 созишномаи қарзию грантӣ ба имзо расонид
Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Беларус дар шаш моҳи аввали соли 2026 6,3 фоиз афзоиш ёфт
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
Ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба Тоҷикистон ворид карда шуд
«МЕЪМОР-2026». Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар вилояти Суғд доир мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Носири Хусрав моҳи август ҷамъоварии пахта оғоз мегардад






