СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Соли 2025 дар ҳар шаҳру ноҳияи Бадахшон коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд мешаванд

Январь 28, 2025 10:46

ДУШАНБЕ, 28.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар ҳар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5-6 коргоҳу корхонаи коркарди меваю сабзавот ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карда мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки солҳои охир соҳаи саноати вилоят тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш чанд маротиба зиёд гардид. Аз ҷумла, барои расидан ба ҳадафи олӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар ин замина таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат, инчунин сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Солҳои рушди саноат» эълон намудани солҳои 2022 – 2026» ба тавсиб расид.

Дар асоси нақшаи пешбинишуда, давоми солҳои 2022-2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бояд 92 корхона ва коргоҳи нави истеҳсолӣ сохта, ба истифода дода шавад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ду соли охир дар ҳудуди вилоят дар маҷмуъ 94 корхона ва коргоҳ мавриди истифода қарор гирифт.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки соли 2024 дар самти амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат, бахусус саноатикунонии босуръат қадамҳои устувор гузошта шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2025 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид