Африқои Ҷанубӣ бо бузургтарин қатъи неруи барқ дучор шудааст
ДУШАНБЕ, 24.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати Африқои Ҷанубӣ «Eskom» субҳи рӯзи якшанбе марҳилаи 6-ум- баландтарин марҳилаи қатъи неруи барқи назоратшавандаро ба кор даровард.
Тавре АЗЕРТАҶ хабар медиҳад, дар ин хусус дар изҳороти ширкати энергетикӣ баъди аз кор мондани якчанд блоки барқӣ дар неругоҳи барқӣ дар Кэмден гуфта мешавад.
«Eskom» рӯзи шанбе марҳилаи сеюмро истифода бурд, ки амалан 3000 мегаваттро аз шабакаи миллӣ қатъ намуд.
Танаффусҳои мунтазам дар неругоҳҳои кӯҳнаи ангиштсанги «Eskom», ки қисми зиёди неруи барқро дар иқтисодиёти пешрафтаи саноатии Африқо таъмин менамоянд, аксари вақт сабаби қатъи сарборӣ- низоми марҳилавие мешаванд, ки дар марҳилаи аввал аз ин низом 1000 МВт қатъ мегардад. Марҳилаи шашум байни марҳилаҳои то имрӯз татбиқшуда бузургтарин маҳсуб мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






