Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти вазирон дар мавзуи «Ояндаи нақлиёт» дар Женева иштирок намуд

Февраль 11, 2025 10:28

ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар ҳошияи ҷаласаи 87-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) бо ташаббуси Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мулоқоти вазирони кишварҳои минтақа дар мавзуи «Ояндаи нақлиёт»  баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад, дар нишаст аз Тоҷикистон Вазири нақлиёти мамлакат Азим Иброҳим иштирок намуд.

Дар нишаст масъалаҳо вобаста ба таҳкими соҳаи нақлиёти ҷаҳонӣ, ҳамбастагии роҳҳои нақлиётӣ байни минтақаҳою муайян намудани мушкилот, имконият ва дидани чораҳои калидӣ бобати ноил шудан ба дурнамои устувор ва самараноки соҳа мавриди баррасии иштирокчиён қарор дода шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Конфедератсияи Швейтсария

Февраль 11, 2025 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд