Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд

Февраль 27, 2025 16:36

ДУШАНБЕ, 27.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал дар шаҳри Тунис мулоқоти ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ бо Директори генералии Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) Салим бинни Муҳаммад ал-Малик баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг дар бахшҳои илм, маориф ва фарҳанг мубодилаи афкор намуда, барои татбиқи барномаю лоиҳаҳои муштарак дар чаҳорчӯби ин созмон изҳори омодагӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 25-26 феврал дар шаҳри Тунис иҷлосияи 45-уми Шурои иҷроияи Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) доир шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Февраль 27, 2025 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд