ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад
ДУШАНБЕ, 01.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи арзёбии охирини коршиносони байналмилалӣ, давоми 150 соли охир ихроҷи газҳои гулхонаӣ ба атмосфера зиёд шуда, ҳарорати глобалии атмосфера ба 1,5 дараҷа расид, ки ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад. Яъне, омили асосии тағйирёбии иқлим фаъолияти инсон аст. Аз ин ҷо бармеояд, ки тадбирҳои андешида барои паст кардани газҳои гулхонаӣ нокифоя мебошанд.
Дар конфронси Боку таҳкими амал бар зидди тағйирёбии иқлим баррасӣ шуд
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сарходими илмии Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» Анвар Ҳомидов гуфт, дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ки соли 2024 дар Боку баргузор гардид, давоми ду ҳафта роҳбарони ҷаҳон ва вакилони расмӣ масъалаҳоро барои тақвияти амал ба муқобили тағйирёбии иқлим ва тақвияти кумак ба кишварҳои осебпазиртарин баррасӣ намуданд.
Ҳаҷми воқеӣ барои маблағгузории иқлим
Конфронси 29-ум дар ибтидо рисолати «молиявӣ» номида шуд, зеро интизор мерафт, ки кишварҳо ҳадафи навро барои маблағгузории иқлим мувофиқа кунанд. Он соли 2009 таъсис ёфта, то соли 2030 тахсиси солонаи 100 миллиард долларро пешбинӣ карда буд. Ҳаҷми воқеии маблағгузорие, ки ҳоло кишварҳои дар ҳоли рушд ба он эҳтиёҷ доранд, триллионҳо доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Вакилони конфронс дар ниҳоят ба созиш расиданд, ки то соли 2035 ҳар сол ҳадди ақалл 300 миллиард доллар ҷалб кунанд, то ба кишварҳои дар ҳоли рушд дар мубориза бо буҳрони иқлим кумак намоянд. Бори асосии пардохт бар дӯши кишварҳои пешрафтаи сарватманд меафтад. Бо илова ба ҳадафи нави маблағгузории иқлим дар конфронси Боку якчанд созишномаи дигар, аз ҷумла муқаррар кардани қоидаҳо барои лоиҳаҳои байналмилалии иқлим ба имзо расид. Дар баробари ин давлатҳо дар масъалаи даст кашидан аз сӯзишвории истихроҷшаванда ва гузариши одилона ба иқтисоди «сабз» ба хулосаи умумӣ омада натавонистанд. Қарор дар ин маврид то нишасти навбатии сарони Бразилия дар соли 2025 мавқуф гузошта шуд.
То соли 2037 Тоҷикистон ба «кишвари сабз» табдил меёбад
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ки 12 ноябри соли 2024 дар шаҳри Боку баргузор шуд, чунин таъкид намуданд: «Мо ният дорем, ки то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар мамлакат пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монда, то соли 2037 Тоҷикистонро ба «кишвари сабз» табдил диҳем».
Тоҷикистон аз ҳисоби партовҳои газҳои гулхонаӣ дар ҷойи 130 қарор дорад
Ҳамзамон Сарвари давлат афзуданд, ки «имрӯз аллакай 98 фоизи барқи мо аз ҳисоби энергияи обӣ истеҳсол шуда, ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ночиз мебошад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда мо дар ҷаҳон дар ҷойи 130-юм қарор дорем. Бо вуҷуди ин ноил гаштан ба ҳадафҳои гуфташуда аз мо талош ва маблағҳои зиёд тақозо менамояд. Боиси қаноатмандӣ аст, ки дар ин масир мо бо шарикони рушд, хусусан институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ҳамкории судманд мекунем».
Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор заминаҳои асосӣ гузошт
Ба андешаи номзади илмҳои ҷуғрофӣ Анвар Ҳомидов, Изҳороти Сарвари давлат дар конфронси Боку бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон заминаҳои асосиро барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор, Созишномаи Париж ва дигар уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологӣ гузоштааст.
Ҳадафи рушди иқтисоди «сабз»-паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим
Ҳадафи рушди иқтисоди «сабз» паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим, ҳалли муаммоҳои бехатарии экологӣ ва ноил шудан ба рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад. Дар ин замина он истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне «энергияи сабз», татбиқи иқтисоди «сабз» дар саноатикунонии мамлакат ва принсипҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаи кишоварзӣ, рушди нақлиёти «сабз» ва инфрасохтори ба он мутобиқ, амалисозии принсипҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, рушди сайёҳии экологӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Дар ин замина тавассути сиёсати дурбинонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон то соли 2037 ба «кишвари сабз» ва яке аз давлатҳои пешсафи ҷаҳон дар самти рушди иқтисоди «сабз» табдил меёбад.
Бо сабаби тағйирёбии иқлим ҷаҳон имрӯз дар ҳолати ногувори экологӣ қарор дорад. Созмони Милали Муттаҳид дар ин асос соли 2015 Қатъномаи Парижро қабул кард, ки давлатҳои аъзоро уҳдадор мекунад доир ба кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ва пешгирии гармшавии ҳаво тадбирҳо андешанд. Яке аз онҳо то соли 2100 имкони то 2°C пешгирии болоравии ҳарорати Замин мебошад, ба шарте, ки тамоми партовҳои маишӣ то соли 2050 ба сифр баробар карда шаванд.
Ҳар сол то 14 миллион тонна партови пластикӣ ба экосистемаҳои обӣ ворид мегардад
Аз натиҷаи таҳқиқот маълум гардид, ки ҳар сол 2,24 миллиард тонна партови сахти маишӣ истеҳсол ва танҳо 55 дарсади он ба ҷойҳои назоратшаванда партофта мешавад. Ҳар сол тақрибан 931 миллион тонна хӯрокворӣ исроф шуда, то 14 миллион тонна партови пластикӣ ба экосистемаҳои обӣ ворид мегардад. Инчунин ҳудуди 80 миллион тонна партови дигари пластикӣ ба муҳити зист партофта мешавад. Бо ин сабабҳо, омилҳои табиӣ ва таъсири инсон вазъи ҳаво солҳои охир бад мешавад, ки ин ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Тоҷикистон яке аз ҷонибҳои фаъоли Қатъномаи Париж аст
Тоҷикистон яке аз ҷонибҳои фаъоли Қатъномаи Париж буда, Барномаи «Кишвари сабз»-ро барои солҳои 2023-2027 қабул кард. Дар қатънома омадааст, ки тағйирёбии иқлим ҳолати фавқулодаи глобалӣ аст. Ин мушкилот ҳалли ҳамоҳангшуда дар ҳама сатҳҳо ва ҳамкории байналмилалиро тақозо мекунад, то ба кишварҳо дар гузариш ба иқтисодиёти камкарбон кумак расонад.
Барномаи «Кишвари сабз» ба коҳиши газҳои гулхонаӣ ва таъмини амнияти экологӣ мусоидат менамояд
Ҳукумати Тоҷикистон то охири соли 2027 дар доираи Барномаи «Кишвари сабз» дар ҳазорҳо гектар замин ниҳолу буттаҳо мешинонад. Барнома, ки барои солҳои 2023-2027 қабул шудааст, коҳиши газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисодиёти «сабз», таъмини нигоҳдории устувории низоми табиӣ, васеъ намудани майдони ҷангалзор, боғу токзор, минтақаҳои сабз, ташкил ва васеъ намудани масоҳати минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва таъмини рушди устувор ва амнияти экологии аҳолиро фаро мегирад.
Барнома дар ду давра амалӣ мешавад. Тибқи нақша, дар давраи аввал, ки солҳои 2023-2025-ро дар бар мегирад, дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар 65 миллион дарахту бутта шинонида мешавад.
Маблағи умумии барнома 129 миллиону 875 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барои иҷрои марҳалаи аввал 67 миллиону 865 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки аз буҷети давлатӣ, маблағҳои озод ва маблағҳои шарикони рушд ҷудо мегардад.
Дар доираи барнома майдони бештари сабзкориро дарахтони мевадиҳанда 420 гектар, аз ҷумла хуч 370 гектар ва санавбар 325 гектар ташкил медиҳанд. Ҳамчунин 5 намуди дигари дарахт- сафедор, ақоқиёи сафед, павловний, сарвиноз ва саксавул, ки барои ҳар кадоми он аз 200 то 275 гектар замин ҷудо мегардад, дар назар гирифта шудааст.
Мувофиқи иқлими маҳаллӣ, дар майдони 20 гектар дар шаҳри Душанбе ва 275 гектар замини теппаҳои навоҳии атрофи пойтахт рустаниҳои ороишӣ, ҳамешасабз ва сояафкан шинонида мешаванд. Шинонидани ниҳолҳо ва барқарорсозии ҷангалзори ҳудуди боғи «Ғалаба» дар 15 гектар низ пешбинӣ шудааст.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 285 гектар дарахтони сояафкан ва дар 110 гектар ҳамешасабз шинонида мешаванд. Аз ҷумла, дар 70 гектар боғи хуч ва дар 60 гектар ангат бунёд мегардад, ки аҳамияти иқтисодӣ низ доранд. Дар 45 гектар дарахтони мевадиҳанда ва чормағз парвариш карда мешавад. Дар ноҳияи Мурғоб 60 гектар заминро ниҳолҳои хуч, терескен, сафедор ва бед ташкил медиҳанд.
Дар вилояти Суғд дар 755 гектар ниҳол шинонида мешавад. Дар доираи ин барнома дар вилояти Суғд дар 755 гектар ниҳол шинонида мешавад. Шинонидани санавбар, саксавул, дарахтони гуногуни мевадиҳанда ва хуч, бунёди боғҳои сафедор, ақоқиёи сафед, павловний ва ангат дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Хатлон 1150 гектар замин сарсабз карда мешавад. Дар ин ҷо дар 240 гектар дарахтони мевадиҳанда шинонида мешаванд. Инчунин барои шинонидани ниҳолҳои санавбар, сарвиноз, сафедор, саксавул, ақоқиёи сафед, павловний ва хуч майдонҳои васеъ ҷудо мегарданд. Чунин навъи ниҳолҳо дар 515 гектар замини шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ шинонида мешаванд.
Шафати шоҳроҳҳои Тоҷикистон сабзазор мегардад
Дар доираи барнома шафати тамоми шоҳроҳҳои Тоҷикистон сабзазор гардида, ҳамчунин парвариши ниҳолҳои чормағз, писта, олу, бодом, дигар зироати ҷангалии худрӯй ва бунёди ҷангалзор бо истифода аз дастовардҳои селексионӣ дар назар аст. Ҳудуди минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда-заминҳои мамнуъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум», Боғи табиии Сари Хосор, Боғи таърихию табиии «Ширкент» ва Парки миллии «Яғноб» васеъ карда шуда, барқарор намудани ҷангалҳои табиии арча, тутзор ва чинор пешбинӣ шудааст.
Як гектар ҷангал дар як рӯз 120-280 кг гази карбонро қабул мекунад
Дар ҳолати иҷрои пурраи барнома барои ташаккули гуногунии биологӣ ва экологӣ, манзараҳои табиӣ, объектҳои нодири табиӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад, зеро давоми як рӯз як гектар ҷангал аз ҳаво 120 – 280 кг гази карбон мегирад. Дар мавриди набудани ҷангал гази карбон дар атмосфера мемонад ва таъсири гармшавии ҳаворо зиёд мекунад.
Барномаи «Кишвари сабз» на танҳо шинонидани дарахту буттаҳоро дар бар мегирад, балки ба таъсиси ҷойи нави кор, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, коҳиши партовҳои гази карбон, беҳбуди муҳити зист, рушди деҳот, ҷалби сайёҳон ва некуаҳволии сокинони мамлакат мусоидат мекунад.
Афзоиши дарахтон ва сабзу хуррам намудани муҳит имкон медиҳад, ки заминҳо аз эрозия ва шусташавӣ нигоҳ дошта шаванд. Махсусан, ҷумҳурии мо минтақае аст, ки ҳангоми кам гардидани дарахтон ва буттаҳо шусташавӣ ва лағжиши замин ё ярч ба амал меояд. Дарахтон ва буттазор заминро аз ҳодисаҳои эрозияи шамолу об нигоҳ дошта, боиси аз байн нарафтани заминҳои ҳосилхез мешаванд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз