COP30. Дар Бразилия саҳми Тоҷикистон дар Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъкид гардид

Ноябрь 20, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар шаҳри Белени Бразилия дар доираи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (#COP30) бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи сатҳи баланди «Ҳадафҳо барои обшавии ях» (AMI), ки ба талафоти босуръати криосфераи ҷаҳонӣ бахшида шудааст, чорабинии сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чорабинӣ иброз гардид, ки ҳифзи пиряхҳо ва пӯшиши барф калиди таъмини устувории захираҳои об, ҳифзи соҳилҳо, пешгирии хатари тағйирёбии хатарноки иқлим ва нигоҳ доштани тавозуни экологӣ мебошад.

Олимони пешбар маълумоте пешниҳод карданд, ки обшавии криосфера нисбат ба пешгӯиҳои қаблӣ зудтар рух медиҳад ва дар бисёр минтақаҳо аз ҳадди мутобиқшавӣ зиёдтар аст.

Сипас бо иштироки вазирон ва намояндагони Чили, Шоҳигарии Монако, Фиҷи, Непал, Либерия, Покистон, Бангладеш, Гурҷистон ва Бонки рушди Осиё ҳамоиш баргузор гардид.

Кишварҳо таҷрибаи худро дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, баланд шудани сатҳи баҳр ва дигар хатарҳои марбут ба ноустувории криосферӣ баррасӣ намуданд.

Иштирокчиён зарурати ҳамгироии масъалаҳои криосфераро ба стратегияҳои миллии мутобиқшавӣ ва устуворӣ, бахусус дар заминаи ноил шудан ба ҳадафи паст кардани ҳарорат то 1.5°C, инчунин тақвияти мониторинг, огоҳкунии бармаҳал ва дастгирии молиявӣ барои кишварҳои осебпазир таъкид намуданд.

Дар ин чорабинӣ саҳми Тоҷикистон дар Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025), ки огоҳии ҷаҳониро дар бораи мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо баланд мебардорад, ба таври махсус таъкид карда шуд.

Чорабинӣ бо даъват барои афзоиши ҳадафҳои иқлимии ҷаҳонӣ бе истифодаи усулҳои хатарноки геоинженерӣ барои пешгирӣ аз нуқтаҳои гардиши баргардониданашаванда барои пиряхҳо, қабатҳои ях ва ҷараёнҳои уқёнус анҷом ёфт.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 20, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд