Ҷашни Сада дар шаҳри Ҳисор бо намоиши дастовардҳои кишоварзон пуршукуҳ таҷлил гардид

Февраль 1, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 01.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сада бо таърихи қадимии худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва аҷдодамон маҳсуб шуда, ниёгони мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил менамуданд ва бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо аз нав эҳё гардиданд. Чунин иброз намуд иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода дар маросими таҷлили ҷашни Сада дар шаҳри Ҳисор.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар базмгоҳи ҷашни Сада бо иштироки меҳмонону сокинони шаҳр, бахусус кишоварзон чорабинии пуршукуҳи фарҳангӣ гузаронида шуда, дар доираи барномаҳои ҷашнӣ дар кӯчаи ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов бо ташаббуси кормандони Раёсати кишоварзӣ, муассисаю корхонаҳои соҳаи иқтисодию иҷтимоии шаҳр намоиши намунаҳои техникаҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маснуоти оҳангарӣ, таомҳои миллӣ, маҳсулоти ғалладонагию сабзавот ва меваҷот ташкил карда шуд.

Дар таҷлили ҷашни Сада, ки бо афрӯхтани гулхан оғоз ёфт, доир ба таърихи пайдоиш, моҳият, ҳадафҳо ва нақши бузурги ин ҷашн дар рӯзгори ҳазорсолаи тоҷикон сухан гуфта шуд. Арҷгузорӣ ба ҷашни Сада сол аз сол бештар шуда, он ба муҳимтарин ҷашни миллӣ табдил ёфтааст, ки ифодагари марому ормонҳои беҳтарини мардум мебошад.

Таҷлили ҷашнҳои бошукуҳи умумимиллӣ, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории мардуми диёр аз сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, ҳамзамон рамзи меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат, арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ба эҳёи ҷашну маросими миллии бостонӣ мебошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

 

Февраль 1, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад