«БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 19.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 25 феврал дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат таҳти унвони «Ба давлату миллатам содиқона хизмат мекунам!» Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Фестивал бо мақсади самарабахшу мақсаднок истифода намудани инфрасохтори соҳаи варзиши пойтахт, ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани руҳияи афсарону сарбозон дар роҳи содиқона хизмат намудан ба Ватан, ҷалби ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, шиносоӣ бо шароити хизмати афсарону сарбозон ва ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли равон аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, 32 сол сипарӣ мегардад.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






