Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
ДУШАНБЕ, 07.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк таҳти раёсати муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков нишасти ёздаҳуми Кумитаи ҳамоҳангсозии Паймони ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар бахши сатҳи баланди вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Давлати Кувайт Абдулло Алӣ Абдулло ал-Яҳё (тавассути паёмҳои видеоӣ) ва Маҷористон Петер Сиярто иштирок намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки терроризм яке аз ҷиддитарин хатарҳое мебошад, ки рӯйкарди муштарак ва иттиҳоди ҳама кишварҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо мекунад. Тоҷикистон ҳамчун мизбони «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» уҳдадориҳояшро барои тақвияти ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ барои расидагӣ ба ин масоил таъйид мекунад.
Дар фарҷоми паём дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният, саҳми он дар мубориза бо терроризм, инчунин иштироки фаъолонаи мамлакат дар ташаббусҳои гуногуни байналмилалӣ ва механизмҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии зӯроварӣ ва ифротгароӣ таъкид гардид.
Чорабинӣ барои баррасии ҳамкории байналмилалӣ ва тавсеаи гомҳои роҳбурдӣ бобати баланд бардоштани самаранокии ҳамоҳангсозии ҷаҳонӣ дар мубориза бо терроризм дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид заминаи мусоид фароҳам овард.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






