Дар Бадахшон бахшида ба рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

Февраль 22, 2025 09:02

ДУШАНБЕ, 22.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Зимни ҷамъомад иброз гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ буда, дар шароити ниҳоят вазнин таъсис ёфтаанд. Дар ин замина таърихи соҳибистиқлолии мамлакат борҳо собит намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ такягоҳи муътамади давлату миллат мебошанд.

Хизмати Ватан-Модарро адо намудан қарзи фарзандӣ ва вазифаи муҳимтарину муқаддастарини ҷавонони баору номус маҳсуб мешавад.

Ҳамин аст, ки солҳои охир Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз аввалинҳо шуда, аз иҷрои нақшаи ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона мебарояд.

Таъкид гардид, ки мардуми сарбаланди вилоят аз рӯзҳои нахустини таъсиси Артиши миллӣ бо ифтихору ҷасорат ва садоқат дар сафи он хизмат менамоянд.

Афсарон ва собиқадороне, ки дар таъмини ҳифзи марзу буми Ватан, волоияти қонун ва суботи иҷтимоӣ, иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ ва корҳои ҷамъиятӣ саҳми назаррас доранд, ба муносибати 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Февраль 22, 2025 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ». Бо ҷалби 13 ҳазор афсару сарбоз маросими ҷоизасупории ин фестивал доир гардид
Рӯзи таъсисии Қувваҳои Мусаллаҳро дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст»
ИМРӮЗ — РӮЗИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Давлат бо Артиши миллӣ муқтадиру пойдор мемонад
СИПАҲСОЛОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Артиши миллӣ — артиши дар ибтидо пароканда ва номукаммале, ки имрӯз ба қувваи бузург ва ифтихори тоҷикон табдил ёфтааст
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ барои сарбозон саёҳат ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ташкил карда шуд
ҶОННИСОР, ШАБЗИНДАДОР ВА БОИСИ ИФТИХОР! Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат ва миллат аст
ЗАНОНИ НИЗОМИПӮШ. Дар баробари зан-модар будан масъулияти ҳимояи Ватанро низ бар дӯш доранд
Падару модарони сарбозон аз Ҳисор бо шароити хизмати фарзандонашон дар қисмҳои низомии вилояти Суғд шинос шуданд
Дар вилояти Хатлон бо сарбозон вохӯрӣ баргузор гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд