Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст»

Февраль 23, 2025 09:57

ДУШАНБЕ, 23.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассосу тақдирсози солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, хусусан дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хатари парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷиконро воқеан ба миён оварда буд, қарзи ватандӯстии хешро содиқона иҷро намуданд. Дар ин хусус 22 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ зимни суханронӣ дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ иброз намуданд.

Дар идома Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву матонати онҳо ҳимояи истиқлоли давлатӣ, якпорчагии мамлакат, ба эътидол овардани вазъият, барқарорсозии сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи экстремистию террористӣ таъмин гардид ва барои заҳмати созандаи мардуми мамлакат шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шуд.

«Мо имрӯз ифтихор дорем, ки Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сохтори муташаккилу неруманд, муназзаму муҷаҳҳаз ва ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст, — бо ифтихор изҳор намуданд Пешвои миллат. -Ва он қодир аст якҷо бо дигар сохторҳои ҳарбӣ  ва мақомоти ҳифзи        ҳуқуқи мамлакат бузургтарин неъмати зиндагии мардуми тоҷик – истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои таърихии    он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва зиндагии осудаи халқи Тоҷикистонро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя намояд».

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Февраль 23, 2025 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд
Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қочоқи беш аз 90 кг маводи мухаддир пешгирӣ гардид
Дар Хатлон гурӯҳи ҷиноятии фаромиллӣ бо 102 кг маводи нашъаовар дастгир шуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Кумитаи Котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СААД ва Вохӯрии дуюми Котибони шуроҳои амнияти Осиёи Марказӣ-Русия иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА дар Вена иштирок намуд