Дар Бонки миллии Тоҷикистон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд

Февраль 2, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 02.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат, аз ҷумла низоми бонкӣ дар соли 2024 натиҷагирӣ ва барои фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ карда шуданд. Ин нукта дар ҳамоише, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони бонк доир шуд, баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иброз намуд, ки соли 2024 дар Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо пешравиҳо ба назар расиданд. Аз ҷумла, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, саноатикунонии босуръати мамлакат, инчунин ташаккули иқтисоди «сабз», рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Аз ҷумла, ба ташаккули маърифати молиявии шаҳрвандон диққат дода шуда, таъкид гардид, ки гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Дар робита ба ин, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки истифодаи технологияҳои муосири рақамиро вусъат дода, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдиро дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин намоянд.

Дар робита ба пешниҳоди қарзҳо гуфта шуд, ки бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд. Бо мақсади идома додани ин раванд ба Бонки миллӣ ва ташкилоти қарзӣ супориш дода шуд, ки ҳаҷми пешниҳоди қарз ба иқтисодиётро ҳамасола зиёд намуда, ин нишондиҳанда то охири соли 2027 ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонида шавад.

Таъкид гардид, ки барои баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкию молиявӣ, инчунин таъсиси филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилоти қарзӣ, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳо бо фоизи нисбатан паст ва таъмини дастрасӣ ба хизматрасонии босифати бонкӣ, бахусус дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор мегузорад ва дар панҷсолаи минбаъда ба ин масъала диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Бо ин мақсад вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо вазифадор шуданд, ки асосҳои ҳуқуқию ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.

«Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури раҳнамое аст, ки моро ба фаъолияти пурсамар даъват мекунад ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда ба пешрафти давлат дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат мусоидат менамоянд», — изҳор дошт раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Февраль 2, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2104 то 9.2500 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ҷаласаи машваратии мудирони Хазинаи байналмилалии асъор шарҳи вазъи монетарии минтақа пешниҳод гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки миллии Швейтсария тақвият медиҳад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1132 то 0.1130 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои гурӯҳи кишварҳои аъзои Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масоили технологияҳои молиявӣ ва навовариҳо ҳамчун муҳаррики сармоягузорӣ баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.7517 то 10.7000 сомонӣ муқаррар шудааст
Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Стратегияи нави шарикӣ баррасӣ карда шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд дар пешбурди лоиҳаҳои стратегӣ дар Амрико баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1171 то 0.1150 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.6876 то 10.7000 сомонӣ муқаррар шудааст