Дар Душанбе оид ба нақши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ҳамоиши байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сайёҳӣ ҳамчун яке аз бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ метавонад ба рушди босуботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намояд. Ин нуктаро директори Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ, ки таҳти унвони «Мавқеъ ва нақши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди миллӣ: хусусияти илмии омӯзиши фаъолияти сайёҳӣ ва арзёбии таъсири он ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ» дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошт.
Ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ бо ибтикори Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, олимону мутахассисони соҳа ва коршиносони дохилӣ ва байналмилалӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ аз 12 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Дар конфронси байналмилалӣ муовини ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия Исломбек Зоирзода иброз намуд, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишгоҳ мақоми байналмилалӣ пайдо намуда, ҳамкории илмӣ бо муассисаҳои хориҷӣ, бахусус дар бахши омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ тавсеа меёбад.
Дар конфронс масъалаҳои муҳими соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сармоягузории лоиҳаҳои сайёҳӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, сайёҳӣ дар доираи макроиқтисодиёт, рақамикунонии хизматрасонии сайёҳӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.
Мувофиқи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» соҳаи сайёҳӣ метавонад ба афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва тавозуни пардохт таъсири назаррас расонад.
Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат иброз намуд, ки ҳарчанд шумораи сайёҳон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, даромади миёна аз ҳар сайёҳ 70,7 долларро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда бояд афзоиш ёбад.
Дар идома намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфт, ки соли 2025 шаш созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи 2,1 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расида, беш аз 9000 ҷойи кор таъсис хоҳад ёфт.
Олимон ва коршиносони байналмилалӣ аз давлатҳои Русия, Эрон, Олмон ва Сингапур таҷрибаи ҷаҳониро дар соҳаи рушди сайёҳӣ ва соҳибкорӣ муаррифӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш гуфта шуд, ки арзёбии илмии рушди сайёҳӣ бояд таъсири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро дар бар гирад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад






