Дар Душанбе оид ба татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саммити чорум доир шуд

Февраль 6, 2025 09:54

ДУШАНБЕ, 06.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал дар шаҳри Душанбе Саммити чорум оид ба татбиқи «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» самтҳои муҳими ислоҳоти низоми тандурустӣ ва рушди хизматрасонии тиббиро муайян намуда, беҳтарсозии нишондиҳандаҳои асосии соҳаро таъмин менамояд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 дар баробари дигар бахшу соҳаҳо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат низ таваҷҷуҳ зоҳир шуда, оид ба беҳтар намудани тарбияи кадрҳои тиббӣ дастуру супоришҳои саривақтӣ дода шуданд.

Тавре Президенти Тоҷикистон иброз намуданд, «Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Соли 2025 барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024  840 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар 33 соли соҳибистиқлолӣ, ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ бо истифода аз ҳама имконият 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуд».

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб,  сифати доруворӣ ва истифодаи самараноки таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ,  рушди заминаи ҳуқуқӣ ва моддии техникии муассисаҳои тандурустӣ, ҳифзи солимии модару кӯдак,  сифат ва дастрасии кумаки тиббию иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Инчунин таъсис додани инфрасохтори муосири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди системаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии давлатӣ ва хусусӣ, таъмини вазъи баланди иҷтимоии кормандони тиб ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 6, 2025 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад