Дар Душанбе рушди тиҷорат дар шароити иқтисоди «сабз» баррасӣ гардид

Февраль 27, 2025 17:09

ДУШАНБЕ, 27.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рушди соҳаи тиҷорат, ки дар шароити ташаккули иқтисоди «сабз» аҳамияти махсуси иҷтимоӣ дорад, ҳамчун яке аз самтҳои муҳим бояд мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирад. Ин нуктаро Директори Институти илмию таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Фарҳод Шарофзода дар ҳамоише, ки дар мавзуи «Татбиқи технологияҳои «сабз» дар савдои чакана: масъулияти иҷтимоӣ ва рушди устувор» дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Маркази Орхуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмондиҳандагони ҳамоиш буданд.

Фарҳод Шарофзода оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди устувор, иқтисоди «сабз», ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим ёдовар шуда, муҳим будани мавзуи ҳамоишро дар шароити ташаккули иқтисоди «сабз» дар ҷаҳони муосир таъкид намуд.

Инчунин намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону мутахассисони шабакаҳои савдо, доираҳои тиҷоратӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва олимону коршиносони соҳа доир ба татбиқи технологияҳои «сабз» дар савдои чакана, инчунин масъулияти иҷтимоӣ ва рушди устувор сухан намуданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Февраль 27, 2025 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ