Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиши идона баргузор гардид

Февраль 22, 2025 10:26

ДУШАНБЕ, 22.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин муассиса иттилоъ медиҳад.

Дар қисмати аввали ҳамоиш дар саҳни муассиса гузашти низомии хонандагони литсей доир гардид.

Иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллиӣ нақши калидӣ доранд. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи қавии Пешвои миллат Артиши миллии Тоҷикистон аз як неруи пароканда ба сохтори муназзам ва тавонои минтақа табдил ёфтааст.

Гуфта шуд, ки солҳои аввали ташаккул Артиши миллӣ бо мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла набудани кадрҳои касбӣ, таҷҳизоти низомӣ ва шароити зарурӣ рӯ ба рӯ буд. Бо талошҳои Пешвои миллат сохторҳои низомӣ мустаҳкам гардида, таҷҳизоти замонавӣ ва инфрасохтори муосир фароҳам оварда шуданд. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон яке аз сохторҳои боэътимод ва пурқудрати мамлакат ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан нақши муҳим мебозад.

Барномаи фарҳангии хонандагони муассиса, ки иборат аз шеъру сурудҳои тараннумкунандаи ватандӯстӣ, ватанпарастӣ, шуҷоату мардонагӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ ва муҳорибаҳои тан ба тан буд, табъи ҳозиринро болида намуд.

Февраль 22, 2025 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ». Бо ҷалби 13 ҳазор афсару сарбоз маросими ҷоизасупории ин фестивал доир гардид
Рӯзи таъсисии Қувваҳои Мусаллаҳро дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст»
ИМРӮЗ — РӮЗИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Давлат бо Артиши миллӣ муқтадиру пойдор мемонад
СИПАҲСОЛОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Артиши миллӣ — артиши дар ибтидо пароканда ва номукаммале, ки имрӯз ба қувваи бузург ва ифтихори тоҷикон табдил ёфтааст
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ барои сарбозон саёҳат ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ташкил карда шуд
ҶОННИСОР, ШАБЗИНДАДОР ВА БОИСИ ИФТИХОР! Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат ва миллат аст
ЗАНОНИ НИЗОМИПӮШ. Дар баробари зан-модар будан масъулияти ҳимояи Ватанро низ бар дӯш доранд
Падару модарони сарбозон аз Ҳисор бо шароити хизмати фарзандонашон дар қисмҳои низомии вилояти Суғд шинос шуданд
Дар вилояти Хатлон бо сарбозон вохӯрӣ баргузор гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд