Дар шаҳри Ҳисор номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба интихобкунандагон муаррифӣ карда шуданд

ДУШАНБЕ, 26.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳисор №7 Сураё Дӯстмуродзода, инчунин номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз ҳавзаи интихоботии Гулханӣ №9 Сироҷиддин Каримзода, аз ҳавзаи интихоботии Ҳаёти нав №8 Бунафша Юлдошзода ва аз ҳавзаи интихоботии Равшан №10 Миҷгона Раҳимӣ ба интихобкунандагон муаррифӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Дар вохӯрӣ муаррифиномаи номзадҳо аз ҷониби шахсони боэътимод ба самъи интихобкунандагон расонида шуд. Инчунин барномаи пешазинтихоботии номзадҳо, ки дар асоси Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ таҳти унвони «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон» таҳия шудааст, ба интихобкунандагон расонида шуд.
Дар вохӯрӣ иштирок дар интихобот, вазъи мураккаби ҷаҳон, амалишавии қонунҳои миллӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Интихобкунандагон иброз доштанд, ки номзадҳои пешбаринамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор арзанда мебошанд. Онҳо дар интихобот фаъолона иштирок намуда, номзади арзандаро интихоб менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор