Дар шаҳри Норак фестивали «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 23.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Фестивали шаҳрӣ аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла намоиши либосҳои қадимии чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши навъҳои гуногуни сӯзандӯзӣ иборат буда, аз ҷониби занону духтарон ва ҳунармандони шаҳр пешниҳод шуд.
Гуфта шуд, ки чакан навъе аз ҳунарҳои мардумии миллати тамаддунофари тоҷик мебошад, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дохил карда шуд. Он таърихи беш аз 1800 – сола дорад, ки аз ҷониби бостоншиносон кашф гардидааст.
Ҳадаф аз баргузории фестивал баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, қадру манзалати либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, порадӯзӣ, инчунин муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






