Дар шаҳри Теҳрон «Шаби Тоҷикистон» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал Сафорати Тоҷикистон дар Эрон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии «Ҳуршед» ва Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз силсилаи «Шабҳои дипломатӣ» дар толори Маркази Доиратулмаорифи бузурги исломии Эрон «Шаби Тоҷикистон» баргузор намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон хабар медиҳад, дар чорабинӣ масъулини Вазорати умури хориҷии Эрон, сафирон ва намояндагони ҳайати дипломатии муқими Теҳрон, сиёсатмадорон, донишмандон, рӯзноманигорон, алоқамандони шеъру адаб ва ширкатҳои сайёҳии эронӣ ҳузур доштанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дастовардҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии Тоҷикистонро дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ таъкид намуда, рушду тавсеаи ҳамкориро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номид.
Дар ин замина таъкид гардид, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба Тоҷикистон ва тавофуқҳои ҳосилшуда зимни он марҳилаи ҷадидеро дар раванди ҳамкории мутақобили судманди ду мамлакати дӯст оғоз мекунанд.
Дар идомаи нишаст мудири Муассисаи фарҳангии “Ҳуршед” Ҳуҷҷаттулоҳ Аюбӣ, чеҳраи мондагори адабиёти Эрон Мирҷалолиддини Каззозӣ, раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ ва дигарон дар суханрониҳояшон роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкории фарҳангию адабӣ ва илмӣ байни Тоҷикистон ва Эрон изҳори назар намуданд.
Дар доираи чорабинӣ шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш дар васфи Тоҷикистон ва дӯстии мардумони ду мамлакат шеърҳо қироат карданд.
Санъаткорони маъруфи эронӣ Маҷид Дурахшонӣ ва Алӣ Худоӣ оҳангу сурудҳои Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон марҳум Давлатманд Холовро иҷро намуданд.
Дар ҳошияи «Шаби Тоҷикистон» китобҳои Пешвои миллат ва шоирону адибони Тоҷикистон бо хати ниёгон, либосҳо ва осори ҳунарҳои дастии миллӣ, аксҳои ҷозибаҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии мамлакат ба намоиш гузошта шуданд, ки мавриди таваҷҷуҳи зиёди меҳмонон қарор гирифтанд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Эрон













Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Муҳаққиқи афғони муқими шаҳри Ҳамбурги Олмон: «Мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бузурги маънавӣ ҳастанд»
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд






