Дар шаҳри Теҳрон «Шаби Тоҷикистон» баргузор гардид

Февраль 7, 2025 09:02

ДУШАНБЕ, 07.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал Сафорати Тоҷикистон дар Эрон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии «Ҳуршед» ва Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз силсилаи «Шабҳои дипломатӣ» дар толори Маркази Доиратулмаорифи бузурги исломии Эрон «Шаби Тоҷикистон»  баргузор намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон хабар медиҳад, дар чорабинӣ масъулини Вазорати умури хориҷии Эрон, сафирон ва намояндагони ҳайати дипломатии муқими Теҳрон, сиёсатмадорон, донишмандон, рӯзноманигорон, алоқамандони шеъру адаб ва ширкатҳои сайёҳии эронӣ ҳузур доштанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дастовардҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии Тоҷикистонро дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ таъкид намуда, рушду тавсеаи ҳамкориро бо  Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номид.

Дар ин замина таъкид гардид, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии  Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба Тоҷикистон ва тавофуқҳои ҳосилшуда зимни он марҳилаи ҷадидеро дар  раванди ҳамкории мутақобили судманди ду мамлакати дӯст оғоз мекунанд.

Дар идомаи нишаст мудири Муассисаи фарҳангии “Ҳуршед” Ҳуҷҷаттулоҳ Аюбӣ, чеҳраи мондагори адабиёти Эрон Мирҷалолиддини Каззозӣ, раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ ва дигарон дар суханрониҳояшон роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкории фарҳангию адабӣ ва илмӣ байни Тоҷикистон ва Эрон изҳори назар намуданд.

Дар доираи чорабинӣ шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш дар васфи Тоҷикистон ва дӯстии мардумони ду мамлакат шеърҳо қироат карданд.

Санъаткорони маъруфи эронӣ Маҷид Дурахшонӣ ва Алӣ Худоӣ оҳангу сурудҳои Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон марҳум Давлатманд Холовро иҷро намуданд.

Дар ҳошияи «Шаби Тоҷикистон» китобҳои Пешвои миллат ва шоирону адибони Тоҷикистон бо хати ниёгон, либосҳо ва  осори ҳунарҳои дастии миллӣ, аксҳои ҷозибаҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии мамлакат ба намоиш гузошта шуданд, ки мавриди таваҷҷуҳи зиёди меҳмонон қарор гирифтанд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Эрон

Февраль 7, 2025 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Чин бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Форуми ҷаҳонии олимон идома дорад
Дар Суғд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби «Истиқлолият ва журналистикаи тоҷик» рӯнамоӣ гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Шаҳодат Ҳомидова то имрӯз ба зиёда аз 800 нафар сабадбофиро омӯзонидааст
Дар Тоҷикистон банаворгирии филми мустанад бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ оғоз гардид
Доир ба нақши Муҳаммад Хоразмӣ дар рушди илми ҷаҳонӣ машварати илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Хатлон китоби «Қадами файзбор» ба табъ расид
Зулфия Давлатназарова: «Бо ихтирои навъҳои нави серҳосили зироати кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузорем»
Соли 2025 дар Малайзия Ҳафтаи кинои тоҷик баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон банаворгирии филми ҳунарии «Моҳӣ барои рафиқ Черчилл» оғоз шуд
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ Гюнтер Уэккер ташкил карда мешавад