IRS: Дар роҳи Душанбе-Чанок ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар километри 78-уми роҳи Душанбе-Чанок тарма фаромад, ки зиёда аз 60 метр паҳноӣ ва 8 метр баландӣ дошт. Аз ин рӯ дар ин роҳ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Иттилоъ медиҳем, ки тармае, ки дар километри 78-уми роҳи Душанбе-Чанок фаромада буд, дар муддати кӯтоҳ бартараф гардид.
Мутаассифона, чанд дақиқа пеш дар километрҳои 73 ва 79-уми ин роҳ тармаҳои навбатӣ фаромаданд. Ҳоло бартарафсозии ин тармаҳо босуръат идома дорад.
Ҳамзамон қаблан дар километрҳои 67 ва 78-уми роҳи Душанбе-Чанок тарма фаромада буд, ки техникаҳои филиали ширкат фавран ба маҳалли тармафароӣ ҷалб гардиданд.
Баъди бартараф намудани тармаҳо аз кушодани шудани роҳ ҳатман иттилоъ хоҳем дод.
АКС: Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






