Кишоварзони фаъоли ноҳияи Зафаробод дар иди Сада кадрдонӣ гардиданд

Февраль 1, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 01.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Зафаробод — шаҳраки Зафаробод иди Сада бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва сокинон ҷашн гирифта шуд. Дар идомаи ҷашн ба як зумра фаъолон ва кишоварзон Сипоснома ва туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод хабар медиҳад, дар идгоҳ аз ҷониби сокинони ноҳия, кишоварзон, занони ҳунарманд, устодону шогирдони муссисаҳои таълимӣ, сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот намоиши техникаи кишоварзӣ, намоиш-фурӯши ниҳол, маҳсулоти донагӣ, тухмиҳо ва таомҳои миллӣ пешниҳод гардид. Меҳмонон ва сокинони ноҳия ин намоишгоҳро тамошо намуда, ба маҳсули дасти ҳунармандон баҳои баланд доданд.

Иброз гардид, ки Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, яъне рӯзи 10 баҳманмоҳ ҷашн гирифта мешуд. Имрӯзҳо бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои аҷдодии мо умри дубора пайдо карда, ҳамасола ҳамчун иди миллӣ таҷлил мешавад.

Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноӣ бар торикиро ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад.

Барномаи рангини ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ба тантанаҳо ҳусни тоза бахшид.

АКС: Мақомомти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод

Февраль 1, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад