Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон ба 68 шаҳрванди хориҷӣ дараҷаи илмӣ додааст

Февраль 12, 2025 08:48

ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ба 68 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дараҷаҳои илмӣ дода шудаанд. Дар ин хусус 10 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода иттилоъ дод.

То имрӯз ба 43 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Узбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Мардумии  Чин дар самти илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ; ба 7 нафар дар самти илмҳои тиббӣ, фармасевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ ва самти илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ ва ба 8 нафар, ки дар шуроҳои диссертатсионӣ рисолаҳои илмӣ ҳимоя намудаанд, дараҷаҳои илмӣ дода шудаанд.

Аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат барои тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ҳамин аст, ки аз 2818 диссертатсияи ҳимояшуда 845 диссертатсия аз ҷониби занҳо ҳимоя шудааст. Ин мутаносибан 38 доктори илм, 734 номзади илм ва 73 доктор PhD-ро ташкил медиҳад.

Дар самти ҳимояи диссертатсияҳо иттилоъ дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ҳимояи рисолаҳои илмӣ 445 адад зиёд тасдиқ шудааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2025 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд