МАРОМНОМАИ СОКИНИ ПОЙТАХТ. Муҳаббатамонро ба шаҳри Душанбе — муаррифи таъриху фарҳанги миллат бо рафтори намунавӣ собит намоем

Февраль 5, 2025 08:29

ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мову шумо – сокинони пойтахт вазифадорем, ки ҳамчун миллати шаҳрсоз ва шаҳрдору шаҳрнишин намунаи ибрати ободкорӣ, маданияти шаҳрнишинӣ, одоби муошират, покии забон, гуфтору рафтор, либоспӯшӣ ва муҳимтар аз ҳама, намунаи нангу номуси ватандорӣ, меҳандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ бошем. Мо бо заҳмати аҳлонаи худ бояд то ҷашни бузурги миллиамон пойтахти Тоҷикистони азизамонро ба шаҳре табдил диҳем, ки он воқеан боиси ифтихори кулли мардуми мамлакат ва макони диданиву дӯстдоштаи меҳмонону сайёҳон гардад. Ин матлабро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо бо фаъолони пойтахт иброз доштанд.

«Зарур аст, ки намуди зоҳирии иншооту биноҳое, ки бунёд мешаванд, истифодаи васеъ аз усулҳои меъмории миллӣ, сифати масолеҳи сохтмон ва сатҳу сифати корҳо ба мақоми шаҳри марказии мамлакат, яъне пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мутобиқат дошта бошад»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.

Бо вуҷуди оне, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис ёфтаасту онҳо дар ҳамаи шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт оид ба риояи одоби шаҳрнишинӣ бо сокинон суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд, аммо ҳанӯз ҳам дар ин самт камбудиҳои зиёд ба назар мерасанд. Барои мисол метавон аз даҳлезҳои ҳафтаҳо норӯфта, ҷуйборҳои пур аз зарфҳои пластикии назди баъзе аз хонаҳои истиқоматӣ, истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ёдовар шуд, ки бо гузашти на чандон вақт шишаи баъзеи онҳо аз ҷониби наврасон шикаста ва нишастгоҳҳо бо сабти ҳар гуна калимаҳо «кандакорӣ» шудаанд. Майдончаҳои кӯдакона, ки бо ибтикори роҳбарияти шаҳр қариб дар назди тамоми биноҳои истиқоматӣ сохта шуда буданд, ҳоли аз ин табоҳро доранд-арғунчаку дигар бозичаҳо шикаставу корношоям гаштаанд.

Мутаассифона, тавре ба мушоҳида мерасад на ҳамаи сокинони пойтахт дар мавриди тозаю озода нигоҳ доштани даҳлезҳо, атрофи биноҳои истиқоматӣ ва шаҳраку маҳаллаҳо масъулиятшиносанд.

Ёдовар мешавем, ки бобати баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинии сокинон бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 28 декабри соли 2000 «Маромномаи сокини пойтахт» қабул гардидааст, ки он хусусияти тавсиявӣ дорад. Сокинон ва меҳмонони пойтахт бояд ҳатман «Маромномаи сокини пойтахт» ва «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе» -ро, ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 16 октябри соли 2008 тасдиқ гардидааст, риоя намоянд.

Қоидаҳои мазкур таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитариро дар шаҳри Душанбе муайян менамоянд. Дар санади мазкур омадааст, ки риояи тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ дар кӯчаву маҳаллаҳо, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, клубу театрҳо, кинотеатрҳо, нақлиёти шаҳрӣ, ҷойи кору истиқомат, инчунин дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ва шахсони мансабдор масъулият ва уҳдадорӣ маҳсуб мешавад.

Дар кӯчаҳо, варзишгоҳҳо, хиёбонҳо, боғҳо, нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидани машруботи спиртӣ, кашидани тамоку ё дар ҳолати мастӣ ҳозир шудан, инчунин аз соати 23:00 то 6:00 дар хобгоҳҳои умумӣ ва манзили зист доду фарёд кардан, бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбоби мусиқӣ ва истифодаи таҷҳизоти садотақвиятдиҳанда, ки боиси халалдор гаштани оромии ҷамъият мегарданд, манъ аст.

Ҳамчунин таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои ба ин мақсад таъйиннагардида, бунёд ва гузоштани гаражҳо барои мошинҳои шахсӣ бидуни қарори Раиси шаҳри Душанбе ва насби радиошунавонию карнайҳои радио дар биноҳои истиқоматӣ, хобгоҳҳои умумӣ ва кӯчаву шоҳроҳҳо мамнӯъ мебошад.

Мувофиқи нишондоди боби сеюми «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе» шаҳрвандон вазифадоранд, ки қоидаҳои нигаҳдошти хонаҳои истиқоматӣ, минтақаҳои атрофи бино, зидди сӯхтор, тозагии даҳлезу роҳрав, лифту панҷараи зинаҳо ва дигар ҷойҳои мавриди истифодаи умумро таъмин ва ба таҷҳизоти техникӣ эҳтиёткорона муносибат намоянд.

Ҳамчунин тибқи тарифҳои муқарраргардида, пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасонии коммуналиро (барқ, гармидиҳӣ, алоқа, кашонидани партов) анҷом дода, истифодаи сарфакоронаи обу барқро риоя намоянд.

Тибқи иттилои масъулин, мутаассифона, баъзе сокинон дар пардохти ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки сари вақт пардохт намудани ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ ба фаъолияти самараноки сохторҳои ба онҳо марбут мусоидат менамояд.

Бояд ёдовар шуд, ки иҳотаи қитъаҳои замин, дар айвонҳои хонаҳо овехтани ҳар гуна анҷому либосҳо, худсарона дигар кардани сохти хонаҳои истиқоматӣ манъ аст.

Дар боби 5-и санади мазкур ҳамчунин омадааст, ки маъмурияти корхонаҳо, ташкилотҳо, раёсатҳои манзиливу коммуналӣ, дигар сохторҳо, новобаста аз мансубияти идоравӣ, иҷорагирон ва соҳибмулкон уҳдадоранд, ки биноҳо ва иншооти ҳудуди худро, аз ҷумла, ҷӯйборҳои обёриву обгузар, пиёдароҳҳо, мавзеи сабзазор ва истгоҳҳои нақлиётро тоза нигоҳ доранд.

Ҳолати дигаре, ки боиси нороҳатии сокинон ва меҳмонони пойтахт гардидааст, ин риоя нагардидани фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бахусус дар кӯчаву бозор ва нақлиёти мусофиркаш мебошад.

Баъзе шаҳрвандон дар нақлиёти ҷамъиятӣ тавассути телефонҳои мобилӣ бо садои баланду гӯшхарош ва дурудароз гуфтугӯ намуда, ҳатто баъзан бо ҳамсуҳбатони худ ҷанҷол карда, бо суханони кабеҳу дурушт табъи мусофирони дигарро хира мегардонанд.

Мо аз ҳамаи сокинони пойтахтро даъват менамоем, ки ба қадри заҳмати сангини роҳрӯбҳо ва дигар кормандони соҳа расанд, зеро тозагиву озодагӣ вақте муяссар мегардад, ки дигарон онро риоя намоянд, нагузоранд, ки сабзазору дарахтони бо заҳмати зиёд парваришёфта поймолу хароб гарданд.

Ҳар меҳмон ё сайёҳи хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд, пеш аз ҳама, кӯчаву хиёбонҳо, майдону гулгаштҳо, осорхонаҳои таърихию фарҳангӣ, бозору мағозаҳо, ҳамчунин муносибату рафтор ва муомилаи сокинони пойтахтро дидаву омӯхта, аз рӯи он ба таъриху фарҳанги миллати мо баҳо медиҳад.

Мо шаҳри худро бо сарсабзию хуррамӣ, ҳавои софу дикаш, биноҳо ва кӯчаҳои тозаю ороста, боғу чаман ва гулзорҳои назаррабояш, бо чеҳраҳои зебои сокинонаш дӯст медорем, дар ин бора шеъру сурудҳо эҷод кардаем, акҳо гирифтаем. Вале ин кам аст. Мо бояд дар амал, бо пиндору гуфтору рафтори ҳаррӯзаамон собит намоем, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанберо, ки муаррифи таъриху фарҳанги миллати мост, воқеан дӯст медорем!

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 5, 2025 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» таҳия мегардад
ВАКОЛАТИ КОМИССИЯҲОИ ҲАВЗАВӢ ВА УЧАСТКАВӢ. Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ПАЁМ-ҚУТБНАМОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон ва нақшаҳои рушди устувор дарҷ шудаанд
Иқтисоди рақамӣ яке аз шартҳои асосии рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад
Корхонаҳои саноатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино 7 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешавад
«НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ – МЕҲВАРИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГИЮ САЙЁҲӢ». Таҳти ин унвон 20 март дар пойтахти Тоҷикистон Форуми IV байналмилалӣ баргузор мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни духтарон доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Роҳи автомобилгарди маҳаллаҳои Чимтеппа, Дарёобод ва Сарикиштии ноҳияи Фирдавсӣ пурра таъмир гардид
Оид ба рушди бонизоми зеҳни сунъӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Олимпиадаи V даставии хонандагони муассисаҳои шаҳри Душанбе аз фанни технология баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мешавад