МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои зуд дур намудани бӯйи баланди махсуси сирпиёз чӣ бояд кард?

Февраль 25, 2025 13:21

ДУШАНБЕ, 25.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳаи тиб, сирпиёз дар таркибаш беш аз чорсад унсури муфид дошта, дар буния холестиринро коҳиш дода, гардиши хунро тезтар ва фишори хунро паст менамояд. Ҳамчунин хусусияти зиддиилтиҳобӣ дорад. Сирпиёз метавонад на танҳо бар зидди пиршавӣ ва ифлосшавии артерияҳои марказӣ, балки артерияҳои канорӣ низ мубориза барад. Аммо аз сабаби буйи баланди начандон форам доштани сирпиёз бисёре аз одамон аз хӯрдани он даст мекашанд. Оё ягон роҳи зуд дур кардани буйи сирпиёз вуҷуд дорад?

Тибқи иттилои коршиносон, ба сирпиёз моддаҳои сулфитдор бӯйи баланди махсус медиҳанд. Аз ин рӯ, барои раҳо намудани бӯйи даҳон пораи лимӯ, шохчаи ҷаъфарӣ (петрушка), тухмии ҳел (кардамон), дорчин (корица)-ро хоида ва ё ин ки даҳонро бо шир чайқондан лозим аст.

Сирпиёз бо таркиби бойи худ давои хубе барои паст намудани фишорбаландӣ буда, хусусияти бедардкунӣ, зудбарқароркунӣ, зиддивирусӣ, несткунандаи кирми меъда ва зиддизаҳролудӣ дорад. Дар таркиби сирпиёз унсури селен мавҷуд аст, ки бо хусусияти зиддиоксидантияш маъруф аст. Ҳамзамон хӯрдани сирпиёз инсонро аз гирифторӣ ба зуком ҳимоя менамояд.

Сирпиёз масунияти баданро мустаҳкам менамояд ва организм қобилият пайдо мекунад, ки бар зидди таъсири зиёновари муҳити зист мубориза барад. Он метавонад миқдори зиёди бактерияҳоро нобуд созад.

Олимон зимни таҳқиқот муайян намудаанд, ки истеъмоли ҳамарӯзаи сирпиёз гирифторӣ ба зукомро то 63 дарсад коҳиш медиҳад. Онҳо муайян намудаанд, ки агар нафари сирпиёз истеъмолнамуда ба зуком гирифтор шавад, ӯ нисбат ба оне, ки ин маҳсулотро нахӯрдааст, тезтар шифо меёбад.

Зимни як таҳқиқот муайян гардид, ки сирпиёз метавонад иммунитети инсонро тағйир диҳад. Истеъмоли ин маҳсулот кори системаи масунияти инсонро хуб намуда, организмро ба илтиҳоб тобовартар менамояд.

Сирпиёзро ба таркиби дорувориҳои зиёд илова менамоянд. Доруҳое, ки дар асоси сирпиёз омода шудаанд, ҳуҷайраҳои хатарноки саратонро ба таври босамар нобуд менамоянд.

Ҳамчунин сирпиёз барои табобати харобшавии системаи асаб, бемориҳои пешобдон ва инчунин поксозии организм тавсия дода мешавад. Сирпиёз имкон дорад, ки варами хатарноки мағзи сарро нест намояд. Ҳамчунин таъсири мусбати сирпиёз ба фаъолияти дил исбот шудааст.

Ҳангоми гирифтор шудан ба бемории исқорбут (цинга) сирпиёзро ба ҳама гуна хӯрок илова карда мехӯранд ва ё дар алоҳидагӣ бо нон истеъмол мекунанд.

Табибон тавсия медиҳанд, ки барои халосӣ аз кирми рӯда зарур аст, ки ба болои 10 грамм сирпиёзи тозакарда об ва ё шири ҷӯшидаистода резед. Он барои ду маротиба иҷро намудани микроклизма кифоя аст.

Ҳангоми гирифтор шудан ба бемории дарди гулӯ метавонед гӯлуятонро бо маҳлули аз сирпиёз омодашуда чайқонед: 1 ҳиссачаи сирпиёзро реза намуда, ба болояш 1 стакон оби ҷӯшонида резед, як соат онро нигоҳ доред ва баъд истифода баред.

Ҳамзамон барои муолиҷаи бемориҳои роҳи нафас мебояд 5 дандонаи сирпиёзро қима намуда, ба он ҷурғот илова кунед ва то 30 дақиқа нигоҳ доред. Маҳлули омодашударо метавонед дар ҳолати гарм, 1 қошуқчагӣ дар як рӯз якчанд маротиба истеъмол намоед.

Хӯрдани сирпиёз ҳам ба занон ва ҳам ба мардон муфид аст. Он барои рафъи мушкилоти роҳи пешобдон фоидаовар аст. Бо шарофати хосиятҳои безараргардонияш сирпиёз равандҳои илтиҳобиро нест менамояд.

Бо вуҷуди ин бояд хотиррасон намуд, ки истифодаи дарозмуддати сирпиёз метавонад боиси нобуд шудани микрофлораи рӯда ва нороҳатии он гардад.

Мутахассисон хӯрдани сирпиёзро ба беморони гирифтори бемориҳои музмини меъдаю рӯда, ба монанди захми меъда, панкреатит ва гастрит тавсия намедиҳанд.

Бино ба тавсияи табибон, аз меъёр зиёд хӯрдани сирпиёз, бахусус дар шиками гушна манъ аст. Он дар ин ҳолат ба ҷудошавии фаъоли шарбати меъда оварда мерасонад, ки дар ҳолати набудани ғизо ба луобпардаи меъда зарари бештар мерасонад.

Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 25, 2025 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон