«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино байни сарбозону афсарони шифохонаи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Меҳри Модар» иқдом гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино хабар доданд.
Дар доираи иқдоми мазкур, бо иштироки модарон ва ҷавонони синни даъватӣ мулоқоту суҳбатҳо, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ доир шуданд.
Зимни вохӯрӣ бо сарбозон иброз гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан барои ҳар ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад.
Изҳори қаноатмандӣ гардид, ки имрӯз аксари ҷавонони мамлакат ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ барои иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳозир мешаванд. Ҷавонон имрӯз ба ҳамон аҳди анъанавии ҷавонмардонаи худ содиқ монда, дар хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат мегузаранд.
Ҳукумати Тоҷикистон бобати рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад. Бо таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат сол то сол сафи ихтиёриёни хизмати ҳарбӣ зиёд мегардад. Аз ин рӯ ҷавонони сарбаланди тоҷикро мебояд ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон ҳамеша омода бошанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино








23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






